Бояд талқинкунандаи ободкориҳо бошем!
Яке аз масъалаҳои асосии ҳар як давлат ин пешгирии хавфҳое, ки ба ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии аҳли ҷомеа ва хоҷагиҳои мамлакат таъсири манфӣ мерасонанд буда, онҳо ба манфиатҳои ҳаматарафаи шахсиятҳо, ҷамъият ва давлат зарар меоваранд.
Дар ин асно, тамоми аҳли ҷомеа ва бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд, ки дар мамлакат сулҳу салоҳ бошад ва хатаре ба касе таҳдид накунад.
Лекин аз тарафи баъзе аснодҳои манфиатҷӯ таъсиси ҳар гуна ҷамъиятҳои ба осоиштагии мамлакат зид таъсиркунанда мехоҳанд, ки ҳаёти осоиштаро тира намоянд . Яке аз онҳо ин «Паймони миллии Тоҷикистон» буда , дар асл он паймони зидди миллӣ аст.
Бо чӣ қадар заҳматҳою талошҳо сулҳ дар ҷумҳурӣ поянда гардид. Ҳоло мамлакат аз ҳар ҷиҳат рушд ёфта истодааст. Бунёди корхонаву муассисаҳои замонавӣ, иншоотҳои боҳашамати фарҳангию таърихӣ, ободии рӯзғори мардуми кишвар – ин худ падидаҳои неку шодкомист.
Аз ин рӯ халалдор намудан ба пешравиҳо, садди роҳи ободкориҳо шудан, бар зидди иқдомҳои созанда баромадан аз тарафи ҳар гуна ҳаракатҳои нохалаф, мардуми кишварро ба таҳлука оварда, ақидаҳои онҳоро на ба неккориҳо , балкӣ ба ақибравӣ ва гумроҳӣ меоварад.
Ҳоло муфид аст, ки мамлакати соҳибистиқлоли ҷавонамонро ободтар намоем, баҳри рушди ҳамаҷонибаи он талошҳо варзем ва пеш аз ҳама ҷавононро ба роҳи дурусту шаффоф роҳандозӣ намоем.
Танҳо дастаҷамъӣ, меҳнату заҳмати суботкорона, омӯзиши амалҳои ба самара ҳидояткунанда моёнро зафарёб карда метавонад.
Аз ин рӯ, ҳар касе, кӣ ободии мамлакатро хоҳад, китф ба китф бо мардуми мамлакат истода меҳнат намояд, роҳу усулҳои аз камбудиҳо бадалшавиро ҷустуҷӯ намояд, баҳри амалишавии ҳадафҳои созандаи мамлакат, кӯшиш намояд ва мамлакатро ба рушди воқеӣ оварад. Ин аст қаҳрамонӣ, ин аст роҳи дуруст ва ояндаи неку манфиатбахш.
Зокирова Ш.М. – н.и.и., дотсенти кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ