Изҳороти кафедраи кори бонкӣ нисбати фаъолияти иттиҳодияҳои ифротӣ
Мо намехоҳем, ки иттиҳодияҳои мақсади ғараздошта ва бо фармоиши хориҷиён ташвиқоти ҷанг ва харакатҳои динию экстримистӣ ва террористӣ фаъолияташонро пеш барад. Зеро онҳо ба ватани худ содиқ нестанд, ба наздикони худ содиқ нестанд. Онҳо танҳо ғуломи иҷрокунандаи фармонҳои шахсони бевиҷдон ва бе ватан, ки натиҷаи кори онҳо сабаби ба ташвишоии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва албатта нисбати онҳо эътирозии қатъии худро изҳор мекунем то ки дар рўи замин ба чунин инсонҳо набояд ҳаёт раво бошад.
Албатта дар ин ҷода корҳо нисбати бартараф ва несту нобуд кардани ин масъалаи глобалӣ аз ҷониби Суди байналмилалии Созмони миллали муттаҳид ва инчунин аз ҷониби дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҷоннок бошад. Бо вуҷуди он ки чунин ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон ба назар мерасад.
Чун мо омӯзгор ҳастему ба таълиму тарбияи насли ҷавон машғулем, ҳамарӯза дар соатҳои дарсӣ ва фориғ аз лаҳзаҳои таълим ҷавононро талқин мекунем, ки аз вабои аср – терроризму экстремизм ҳамеша худро дур гиранд. То ки фирефтаи мақсаду ҳадафҳои нопоки душманони миллат гардида, худро ба кӯи номуроди ва ғаму андӯҳ наандозанд.
Аҳли устодони кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ