Садои ифротиён

Дар расонаҳои интернетӣ боз як телевизиони ба гуруҳи террористӣ бо номи «Садои мардум», ки аз тарафи «Гурўҳи 24» ташкил гардидааст. Созмони мазкур ҳамчун созмонӣ ифротгаро шинохта шудааст.

Саволе ба миён меоаяд, ки агар он «Садои мардум» бошад пас кадом мардумро дар бар мегирад? Ҳол он, ки ин берун аз марзи ҷумҳурӣ фаъолият мебарад ва бо кадом мардум сару кор дорад!

Роҳбарони ин гурўҳ дар миқёси кишвар зиндагони накарда чи тавр аз ҳолу аҳволи мардум ва давлат сухан ронда метавонанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки боз як гурўҳи иғвогару дарўғгўй пайдо гардид, ки хабару руйдоди моро ба мардуми кишвар ва ҷаҳониён бо дигар намуд инъикос карданиянд.

Новобаста бар ин мардуми поквиҷдону саришта кайҳо нисбати ин хоинон хулосабардорӣ намудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои расмӣ олимону зиёиён ва шаххсони бетараф нисбати ин хоинон ҳақиқати ҳолро инъикос намуда истодаанд, ки боиси пешгирӣ аз ин ифротгарон мебошад.

Орипов А. – н.и.и., дотсент, декани

факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like