Изҳороти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ нисбати боздошти гумонбарони ташкилоти ифротии «Ихвон–ул–муслимин»

Чихеле, ки ҳамаи мо огоҳ гаштем маркази матбуоти Прокуратураи генерали Ҷумҳурии Тоҷикистон иттило додааст, ки Шарипов Далерҷон Абдуманонович дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 мақолаҳои мазмуни экстремистиро нашр намудааст, ки он барангезандаи  кинаву адовати дини мазҳаби ва муқобилгузории  гурўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамдигар шуда метавонад.

Рисолаи охирине, ки аз ҷониби журналист Шарипов Д.А. интишор гаштааст аз ҷониби  ташхиси диншиноси ҳамҷун мутобиқат  шаванда  ба ҷараёни «Ихвон – ул – муслимин» («Бародарони мусулмон») баҳогузори гардидааст, ки он ба ноил сохтани ҷавонон, ки моҳияти мафкураи ҷиҳодро дорад ва онҳоро барои содир намудани  амалҳои экстремистӣ ҳидоят мекунад.

Азбаски  матлабу мақолаҳои Шарипов Д.А. ба барангехтани  кинаву адовати динӣ – мазҳабӣ  ва тарғиби  бартарин  қисмати  дигари он  аз нигоҳи мансубияти  равона карда шуда ба рафтори ў тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳогузори карда мешавад. «Ихвон – ул – муслимин» аз зумраи ташкилотҳои фиротие ба ҳисоб меравад, аз соли 2006 инҷониб ба руйхати созмонҳои экстремистиву террористӣ шомил гардида, фаъолияти он манъ гардидааст.

Аҳли устодони кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like