Изҳороти кафедраи технологияиҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ нисбати фаъолияти созмони иртиҷоӣ

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон терроризм ва экстремизм доман паҳн кардааст, ки ба ин кор асосан ҷавонону наврасон даст задаанд ва ин шаҳодат аз он медиҳад, ки аз таълим ва тарбия дур мондаанд ва саводи мукаммали диниву дунявӣ надоранд. Онҳо ҳатто маънои терроризм ва экстремизмро намефаҳманд ва кӯрсаводона мо тарафдори дини мубин ислом гӯён ба дин ҳам хиёнат мекунанд.

Ин чӣ бадбахтист, ки аз ин бесаводии ҷавонон шахсони «босавод»-муллоҳо ва зоҳидони динифурӯш сӯи истифода намуда, бо номи дини мубини ислом ва ҳатто Қуръонро истифода бурда, онҳоро роҳгум менамоянд, ки ин хиёнат ҳам ба халқу ҳам ба Ватан  аст. Чӣ хеле ки Ҳофиз мегӯяд;

Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну хуш бош, вале,

Доми тазвир макун, чун дигарон Қуръонро.

Аз гуфтаҳои Ҳофиз бармеояд, ки дар ҳамон давру замон низ макру ҳиллаи муллоҳо, риёкоруву дурӯғгӯи ва зуҳдфурӯши мардумро озурда кардааст. Дини  ислом, ки дини пок ва муқаддас аст, лекин мутаассифона барои гумроҳ кардани мардум василае шудааст. Бинобар он имрӯзҳо  низ аз номи Ислом истифода намуда, мардуми бе он ҳам бенаворо талаву тороҷ мекунанду хуни миллатро мемаканд. Баъзе гумроҳон ҷавонони тоҷикро ба гурӯҳҳои ифротӣ ва терористӣ даъват мекунанд ва баъзе аз онҳо бо истифода аз номи Ислом ба дунболи вайронии кишвар ҳастанд ва баъзеҳо худро мулло дониста, аз ин роҳ манфиат ҳам мебаранд. Худоро шукр, ки ҳушёрии ҳукумат ва сиёсати ободгару сулҳпарвари он, чунин гурӯҳҳои гумроҳшударо шинохта ҷазояшонро дода истодааст.

Бинобар ин чӣ хеле ки Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароит муҳайё созем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми ояндаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Аҳли кафедраи технологияиҳои иттилоотию

коммуникатсионӣ вам барномарезии ДДҲБСТ

You might also like