Дурӣ аз сомонаҳои ифротӣ
Чи хеле, ки Сангинзода Зафар – таҳлилгари тоҷик дар мақолаи худ бо номи «Садои мардум» ё садои мурдор (нисбати фаъолияти хоинонаи ташкилоти экстремистиву террористии Гуруҳи 24) қайд кардааст, «воситаҳои хабарии марбут ба терроризми байналхалқӣ ва ифротгароён имрӯз телевизиони ба ном “Садои мардум” ҷой дорад ва ҳамеша аз бадӣ сухан мегуяд. Даҳони бефаровезашро ки кушод, дуруғу туҳмат мерезад. Мисли ин ки дунёро фақат сиёҳ медида бошад. Ягон руйдоди хуби Тоҷикистонро намебинад». Бояд қайд кард, ки албатта мақсади фаъолият намудани ин созмони мазкур муайян гаштааст, ки даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва аминияти давлатӣ мо тоҷикон аст. Аммо онҳое, ки ба тафриқаандозӣ, тундгароӣ ва ихтилофангезӣ роҳ медиҳанд, мувофиқи моддаи 137 ва 137 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Зиёда аз ин боз сомонаҳои низ ҳастанд, ки идеология ва фикрронии мардуми осоиштаи кишварро аз ҷиҳати сиёсӣ ва динӣ халалдор месозад бисёр паҳн гашта истодааст. Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки имрўзҳо сомонаҳои гуногун аз сарчашмаи номуайян маълумот ва хабарҳоро ба мардуми росткору тезбовар пешкаши мардуми тоҷик мекунанд. Қайд карданием, ки ба ҳар фикру ақидаҳои гуногун ва тафриқаангезӣ, иғвову кинаангезӣ аст. Сомонаҳои бофтаву дурўғин бисёр яке бо номи «Аkhbor.com» дигаре бо номи «Садои мардум» дар он ифода меёбад, ки манбаъҳои итилоотии ҳилагари он, ёфтаву бофтаҳои худро ҳақиқат нишон додани мешаванд.
Кабирзода Г.Қ. – ассисенти кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ