Гурўҳҳои ифротгаро – сазовори нафтари халқ!

Яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ  роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷ ва дохили кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароити зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад.

Мо ва махсусан  устодону омӯзгорон шодем, ки дар самти устувор намудани сулҳу субот ва амнияти миллӣ давлати мо дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёде  ноил гардид, ки дар ҳақиқат нисбат ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ намоем, тағйиротҳои куллӣ ба назар мерасад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро дар амал татбиқ намуда, бо дигар давлатҳои ҷаҳон робитаҳои гуногун ҷабҳаро амалӣ гардонида истодааст ва солҳои оҳир барои рушди сайёҳӣ ва рушди самтҳои муҳим чорабиниҳои зиёди давлатию байналмилалдар амал татбиқ гардида истодааст, ки дар ояндаи наздик барои боз ҳам рушд ёфтани ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Аҳли кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ

 ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like