Иғвои навбатии наҳзат
Иғвои навбатии ТТЭ ҲНИ ин мақолаи Халил Қаюмзод дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” мебошад, ки мақсади нашри он ба Раиси шаҳри Душанбе доғ оварданист. Идомаи фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро хурофот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ, терроризму экстремизм, иғво ва ғайра корҳои сиёҳ ташкил дода истодааст.
Ҷавонмардӣ, сиёсатмадорӣ, ободкорӣ ва фарзанди асили падару Ватани хеш будани Рустами Эмомалӣ ба исбот ниёз надорад. Он чӣ кӣ аён аст- ҳоҷат ба баён нест.
Вале боиси таассуф аст, ки монанди Халили Қаюмзод “журналистон”-и зархарид ва номусулмон мунтазам фазои иттилоотро торику аброк менамоянд. Чӣ тавре, ки мегўянд “Офтобро бо доман пўшида намешавад”. Нури илоҳии Пешвои миллатамон офатнопазир аст. Сиёсати Пешвои миллатро дар ҷаҳон пазируфтаанд, ки ягон “мақола”-чаи ба ном “журналист”ба он доғ оварда наметавонад.
Вазифаи асосии журналист аз расонидани иттилооти навин ва рост иборат аст. Ба ҷои муаррифӣ намудани дастовардҳои назаррас ва пешравиҳои кишвар, чунин ашхосон ба монанди Қаюмзод ба Ватан- Модар хиёнат мекунанд.
Фаъолони ТТЭ ҲНИ, ки доим дар ҷустуҷўи чунин шахсон, мисли Қаюмзод ва падари ў Абдуқаюми Қаюмзод мебошанд, медонанад, киро ба домашон афтонанд: чунин нафарони сустирода, падарсолор ва ватанфурўш худ ба осонӣ моил мешаванд. Далели бебаҳс аст, ки наҳзатиҳои террорист ин «журналистон»- и нависандаро истифода бурдаанду баробари аз истифода баромадан аз баҳраш мебароянд. Вале онҳо чӣ тавр ба чашми ҳамватанони худ нигоҳ мекунанду зиндагӣ мекунанд. Як умр аз шармандагиву бадарға шудан роҳе надоранд. Вой бар ҳоли чунин “ҷавонмард”-он! Вой бар ҳоли чунин зиндагӣ!
Азимова Н.С. – н.и.п., дотсент,
мудири кафедраи ФРТМ-и ДДҲБСТ