Изҳороти кафедраи маркетинг-агробизнес нисбати сӯзу гудози модарон нисбати фаъолияти гуруҳҳои ифротгароӣ

Ҷавонон бояд нерўи созанда, бузург, қавиирода, ростқавлў поквиҷдон бошанд. Ба ҷамъият бо кору пайкори некашон намунаи ибрат гарданд ва нангу номуси мардонагию далерӣ, шуҷоатмандию  ҷасуриро ҳангоми ҳимояи марзу буми ватани худ нигоҳ доранд ва аз даст надиҳанд. Ба корафтодагон дасти ёри дароз намоянд ва фирефтаи суханони ҳар касу нокасон нагарданд.

Гумроҳӣ чизи бад аст, сўзу гудози ҷонсўзи модарона  дар он модарони фарзандгумкарда бештар дида мешавад. Мо медонам, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ чи қадар фарзандони тоҷик қурбони сиёсатҳои разили гуруҳҳои пастфитрат гардида буданд.

Илоҳо фарзанди ягон шахс ба гумроҳӣ наравад, илоҳо ҳеҷ модари тоҷик  дар фироқи ҷигарбандаш насӯзад. Албатта ин доғ аст, доғест ба сари падару модарони азияткашида.

Аҳли кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like