“Садои ғайбатхоҳон”

Ташкилоти террористӣ-экстемистии «Гурӯҳи 24» баҳри тарғиб намудани фаъолияти иғвогаронаи худ телевизиони ба ном “Садои мардум”-ро ташкил намуда истифода мебарад. Ин телевизиони иғвогар дар ҳама барномаҳои худ танҳо бо иғвогарию ғайбаткунӣ машғул аст. Телевизиони мазкур бо номи худ мувофиқат намекунад, ки он хусусияти бадномкунию сиёҳкорӣ дорад. Бинобар ин агар он “Садои ғайбатхоҳон” номида шавад ба фаъолияташ мувофиқат менамояд.

Телевизиони иғвогари “Садои мардум” ҳамеша ба он кӯшиш менамояд, ки аз пашша фил сохта бо роҳи иғвогариҳои ғаразнок мардумро ба худ ҷалб намояд. «Гурӯҳи 24», ки ҳамчун гурӯҳи экстремистӣ эълон гардидааст кӯшиш менамояд, ки аз хориҷа бо воситаи телевизиони ғайбатхоҳ ғояҳои ифротгаронаи худро тарғиб менамояд. Мақсади асосии онҳо сиёҳ кардани сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дида истодааст, ки Тоҷикистон аз соли 2000-ум то ба имрӯз ба кадом дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ соҳиб гардидааст. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ҳамаи муаммоҳои ҷаҳонӣ иштирок намуда саҳми арзандаю назаррас гузошта истодааст. Телевизиони ғайбатхоҳи “Садои мардум” бо тамоми роҳу восита дар ҳар барномаҳои худ кӯшиш менамояд, ки ҳамаи дастовардҳоро қасдан ғаразнок маънидод намуда худро ҳамчун ғамхору дилсуз нишон диҳад.

Мо медонем, ки кормандони телевизиони мазкур супориши роҳбарони худ ва сарпарастонро иҷро намуда бо суханҳои иғвогарона одамонро барои ба худ ҷалб намудан кӯшиш менамоянд. Чунин рафтори телевизиони “Садои ғайбатхоҳон” шоистаи мазамат буда онро маҳкум намуда аз созмонҳои байналхалқӣ талаб менамоям, ки ба фаъолияти иғвогаронаи онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода чораҳо андешида шавад.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like