Садои мардум – садо ва симои ҷинояткорон!

Дар замони муосир ҳар шахс зиндагӣ ва ҳаёти худро бо ҳар роҳ ба пеш мебарад, яке бо роҳи муайяннамудаи қонун, дигаре бо роҳи ғайриқонунӣ, яъне ҷинояткорӣ, яке бо роҳи қаноат кардан ба шароит ва зиндагии ҷомеа, дигаре бо роҳи ба даст овардани боигарӣ аз ҳисоби хоҷагони хориҷӣ, гарчанде ин молу мулк ва боигарии ба даст оварда ба зарари манфиати давлату миллати худ бошад ҳам.

Мақолаи таҳлилгари тоҷик Сангинзода Зафар дар мавзўи “Садои мардум” ё садои мурдорро (нисбати фаъолияти хоинонаи ташкилоти экстремистиву террористии Гурўҳи 24)” пурра ҷонибдорӣ намуда иброз медорам, ки Гурўҳи 24 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014 ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ гардидааст.

Бо манъ гардидани фаъолият ва ташкилоти террористӣ, экстремистӣ эътироф шуд аъзоёни ин гурўҳ қаноат накарда дар хориҷи кишвар бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои орому осуда ва тинҷу амони ҷумҳуриро халалдор созанд. Амалҳои мунтазам содир намудаи аъзоёни ин гурўҳ бо воситаи телевизион бо номи Садои мардум пахш намудани маълумотҳои бардурўғ ва сохтаю бофта нисбати фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ноилгардидаи мардуми шарифи кишвар мебошад. Бо ин амал ва рафторҳои худ аъзоёни Гурўҳи 24, ки яке қисмҳои Ташкилоти экстремистӣ террористии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мебошад доимо исбот менамоянд, ки суботу амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намехоҳанд ва бо истифода аз маблағҳои бедарди миён ба даст овардаи худро сарф менамоянд, то ки мардум аз фаъолияти ҳукумат норозӣ гардида дар кишвар норомӣ ва бетартибӣ рўй диҳад. Хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин мақсаду ниятҳо хуб огоҳанд, ки ин гурўҳ хостгори чи аст ва барои расидан ба кадом мақсадҳо ин амалҳоро иҷро мекунанд.

Созмони экстремистии “Гуруҳи 24” номи телевизиони худро Садои мардум гузоштаанд, ки саволе ба миён меояд дар ин телевизион садои кадом мардум шунида мешуда бошад. Ҷавоб ба ин савол ягона аст, ки дар ин телевизион танҳо садо ва симои ҷинояткорон, террористон, экстремистон, хоинони давлат, шахсиятҳое ки барояшон пулу чиз гаронтар аз ҳама арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад ва ба ғайр аз дуруғу туҳмат ва иғвоангезию душмантарошӣ чизи дигареро низ гуфтан ва намоиш дода наметавонанд.

Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон аз саривақт экстремистию террористӣ эълон намудани Гурўҳи 24, ҲНИ, Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», равияи динии «Салафия», «Ҳизб-ут-Таҳрир» ва дигарон хело хурсанд мебошанд ва ба давлату ҳукумат миннатдорӣ баён менамоянд, зеро аз ин гурўҳҳо ба ғайр аз хавфу хатар чизи дигареро интизор шудан номумкин аст ва агар имконияте медоштанд ин гурўҳ ва ҷамъиятҳо чи бадбахтиҳоро ба сари мардуми тоҷик меоварданд.

Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи

 ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like