Лаънат ба паймонсузон

Соле ки гузашт барои ҳамаи наҳзатиёни палиду хоҷагони хориҷиашон соли шармандагиву беобрӯйӣ буд, ки аз ин тамоми ҷаҳониён огоҳ гардиданд.

Амали душманони  миллат – наҳзатиёни фиребгарро маҳкум намуда, бар ин тоифаи бадкирдор, лаънат мехонем!

Агар сухан дар бораи соли рафтаи 2019 занед, метавон гуфт, ки соли бисёр ҳам ҳалкунанда ва ошкорбаёниву воқеънигорӣ буд. Дар соли рафта, миллати ватандӯст тавонист, ки аз андешаҳои махфии баъзе ташкилотҳову гурӯҳҳо огоҳ гардад.

Аз ҷумла, соли сипаригардида барои Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки андешаҳояш пароканда намудани миллати илмдӯсту фарҳангпарвар аст, ошкоршавии асрорҳояш буд.

Таҳлили соли рафтаи 2019 боз аз ҳамин ҷиҳат хуб арзёбӣ мешавад, ки дар ин соли сипаришуда, сохта будани наҳзатиёни палид ва зери парда гаштанашон ошкор шуд. Яъне, дар чанд мақолаи таҳлилии олимон ва рӯзноманигорон, ки ба чоп расиданд, исбот намуданд, ки аъзони ТТЭ ҲНИ душмани аслии миллати тоҷик ҳастанд ва зери парда истода, дар хизмати бале гӯёни хориҷияшон мебошанд. Ва боз чанд рафтору гуфтори нодурусту душманонаи наҳзатиёни палид ошкор карда шуд, аниқтараш парда аз чеҳраи наҳзатиёни хоини миллати тоҷик бардошта шуд.

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гашта, барои расидан ба ормонҳои миллат сулҳу субот ва амнияту гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон  – Тоҷикистон мунтазам саъю кӯшиш доранд.

Зиёмидинов Б.М.  – н.и.ф.-м., дотсенти кафедраи

фанҳои риёзӣтабиатшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like