Изҳороти кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқ нисбати фаъолияти тағрибкоронаи ТЭТ ҲНИ
ТТЭ ҲНИ ба хубӣ дарк мекунад, ки бо вуҷуди ҳама иддаоҳои мағруронаи хеш аслан ҳеҷ ҷойгоҳ ва пуштвонаи иҷтимоие дигар дар Тоҷикистон надорад, яъне дигар ҳеҷ қишре аз мардуми кишвар ба ин ҳизби ифротгаро ва шиорҳои фиребои он бовар надорад. Аз ин рӯ, раҳбарияти ТТЭ ҲНИ барои ислоҳи ин нуқтазаъфи худ ночор ба ниҳодҳо ва афроди дигарандеши тоҷик рӯй овардааст то сафҳои парешони худро мукаммал кунад, аммо афроду ниҳодҳои дигарандеши тоҷик низ дар заминаи таҷрибаи талхи пешини ҳамкорӣ бо ин ҳизби худхоҳи террористӣ дигар намехоҳанд аз як сӯрох ду бор моргазида шаванд.
Маҳз бо дарки ин вазъият ва афзудани таҷрибаву баланд шудани сатҳи фаҳми сиёсии афроду ниҳодҳои дигарандеши тоҷик ва ба вижа бо назардошти вокуниши онҳо дар баробари паймоншиканиҳои пайдарпайи ТТЭ ҲНИ ҳини фаъолияти эътилофи қаблии нерӯҳои оппозитсионии тоҷик, яъне ИНОТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай пай бурда буданд, ки ҳангоми таъсиси эътилофи нави нерӯҳои оппозитсионӣ ҳатман ба мушкилӣ дучор хоҳанд шуд. ТТЭ ҲНИ барои аз ин вазъият ақаллан ба таври зоҳирӣ раҳоӣ ёфтан ва дар назди хоҷагони хориҷии худ ҳанӯз масрафношуда нишон додани энергия ва зарфияти хеш даст ба найранг заданд.
Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне созмон додани чунин эътилофи бебунёд чӣ ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд.
Аҳли устодони кафедраи назария
ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ