Симои ҳақиқии наҳзат

Имрўз мардуми Тоҷикистон симои аслии Муҳиддин Кабириро ҳамчун як нафари хоин ватанфуруш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дошта дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурўшад ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеч гоҳ намебахшад.

Зеро Ватану ватандорӣ ва хизмат ба он вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ў бошад хоини миллат ва ватанфуруш аст, тариқи сомонаҳои интернети суханҳои дурўғу фитнаангезро нисбати чомеъаи мо паҳн мекунад. Аслан ТЭТ ҲНИ ва ташкилкунандаи онҳо ҳеч вақт ба фоидаи мардум кор накардааст. Доим мухолифи давлат аст. Онҳо ҳамеша барои мақсади нопоки худ кор мекунанд. Имрўз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф гардидааст.Онхо ягон нияти нек надоранд.

Мухиддин Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки мардуми Точикистонро осуда зиндаги кардан намемонад ва аз хорича истода обруи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дуруғу бемаъниаш дар арсаи ҷахон паст кардани мехоҳад. Новобаста аз таҳдиду харакатҳои ТЭТ ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдили ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда халқи мо бо азму талошҳои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеъи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад. Саҳми арзанда ва хизмати шабонарузӣ ва шуҷоати қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон аст, ки имруз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.

Маҷидова Д. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи забонҳои англисии ДДҲБСТ

You might also like