Боздошти аъзои фаъоли ташкилоти ифротии “Ихвон-ул-муслимин

Санаи 30 январи соли 2020 ва ба қарори Суд аъзои ташкилоти ифротии “Ихвон-ул-муслимин” Шарипов Д. ба ҳабс гирифта шуд. Муайян гардид, ки номбурда ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ 100 адад рисолаҳои характери экстримистӣ доштаро интишор сохтааст. Зеро ҳеҷ як шахс барои дахолат намудан ба фаъолияти давлат ва халалдор намудани он ҳаққу ҳуқуқ надорад.

Дар Моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷкистон омадааст: “Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи  ҳеҷ  як  ҳизб,  иттиҳодияи  ҷамъиятӣ,  динӣ,  ҳаракат  ва  гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ  ва  ҳизбҳои  сиёсӣ  дар  доираи  Конститутсия  ва  қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Иттиҳодияҳои  динӣ  аз  давлат  ҷудо  буда,  ба  корҳои  давлатӣ  мудохила  карда наметавонанд”.

Вобаста ба ин ман ҳамчун як тан шаҳрванди Тоҷикистон ва омӯзгори ҷавон, чунин кору рафтори  Шарипов Далерро маҳкум намуда, ки ӯ дидаю дониста ба чунин кор даст задааст ва барои гирифтани ҷазои сазовор аз тарафи Суд тарафдорӣ баён менамоям.

Изҳороти Абдуллоев М.М. – сармуаллими

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like