Зери ғояи иғвонӣ, даст задан ба мардумфиребӣ!

Мулоҳизот ба мақолаи «Ҷунбиши ихвонӣ ва ташкилаи Назҳатӣ: воқеият ва мушобеҳат (робитаи ҳизби наҳзат ба ташкилотҳои экстремистиву террористии ҷаҳонӣ)».

Воқеан, ҳақ ба ҷониби муаллиф, ки ҷунбиши «Ихвон –ал-муслимин» созмони динии неруманди сиёсии садаи сипаригашта ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он гӯё «зинда кардани шаоири саҳеҳи дини ислом ва эҷоди ваҳдати миёни мусулмонон» мебошад. Инчунин, мароми сиёсӣ ва идеологии назҳати «Ихвон –ал-муслимин» барқарор сохтани хилофати исломӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Онҳо даъво доранд, ки ислом ба сифати дини ҷаҳонӣ пешоҳанги олами муосир бошад. Ихвониҳо ва неоихвониҳо (манзур ихвониҳои нав, аз ҷумла, М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба мисоли Далер Шарифов) дар муборизаи худ усули низомӣ ва сиёсиву зуровариро истифода мебаранд.

Воқеан, кулли ҷунбишу назҳатҳои исломӣ, ки дар минтақа ва олам фаъолият мебаранд, ба василаи хадамоти истихборотӣ ва иттилоотии хориҷӣ тарҳрезӣ шуда, ҳамеша зери назари созмонҳои махсуси абарқудратҳо қарор доранд.

Ҳам созмони «Ихвон-ал-муслимин» ва ҳам ТТЭ ҲНИ ҳадафи ягонаи стратегӣ доранд. Ҳадафи стратегӣ ва бунёдии ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат аз идеологияи ихвонӣ сарчашма мегиранд. Мавриди тазаккур аст, ки ҳам роҳбари вақти «Ихвон-ал-муслимин» Муҳаммад Мурсии мисрӣ зиндонӣ шуд ва ҳам фаъолият  тақдири ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бад анҷомид, зеро онҳо ҳамеша аз минбари ислом сўистифода менамуданд.

М. Кабирӣ таҳти сарпарастии пулию молӣ ва маънавии «пирони маънавияш», ки ҳизби наҳзатро аз аввал барномарезӣ мекунанд, фаъолияти худро ба роҳ монда бо истифода аз суханпардозиҳо, истилоҳҳо ва мафҳумҳои сиёсиву мадании «демократия», «баробарӣ», «озодӣ», «гуманизм», «вадандорӣ» ҷилва дар минбар менамояд. Дар асл бошад, ғояҳои ихвониро тарафдорӣ карда, мардумро гумроҳ месозанд. Бояд таъкид сохт, ки наҳзат ҳамон ихвон аст ва идеологияи ихвониро тарғибу ташвиқ менамояд.

Мафкура ва идеологияи ихвонӣ дар «баҳори араб», дар моҷароҳои Шарқи наздик ба мисоли Мисру Тунис, Ливияву Яман сабаб шуда, чӣ балоҳое ба сари мардуми осоиштаи ин кишварҳо овард.

Дар баробари ташкилоти «Ихвон -ал-муслимин» созмонҳои «Ал-Қоида», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Боко Ҳарам», «Ҷамоат-аш-шубоб» ҳамчун созмонҳои исломи сиёсӣ тарғибгари низомҳои ифротӣ дар машриқзаминанд.

Мо фаъолияти ҷунбиши исломии «Ихвон-ал-муслимин» ва тарафдору пайравони онро маҳкум менамоем. Нест бод ҳаргуна ақидаҳои иғвонии наҳзат!

Якубов Ҷ.К. – н.и.с., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like