Изҳороти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ оид ба рад карда шудани даъво ҷиҳати аз ҳабс озод намудани журналисти мустақил Далер Шарипов

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас, таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон барои пешгирй намудани хурофот ва хурофотпарастӣ,   шомилшавии ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Мо ҷомеаи омўзгорони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ, чанде қабл тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳӣ пайдо намудем, ки коллегияи кассатсионии суди шаҳри Душанбе рӯзи 4 феврал дархости як гурўҳи ҷонибдорони журналисти мустақил Далер Шариповро оид ба аз ҳабс шартан озод кардани номбурда, ки қаблан бо гумони паҳн намудани маводҳои экстремистӣ боздошт карда шуда буд рад кард. Аз маълумотҳои дастраснамуда, ки маркази матбуоти Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш намудаст хулоса карда лозим аст, ки амалҳои номбурда бешубҳа ҷинояткорона буда ҷазои боадолатонаро мехоҳад.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои экстремистӣ ва терролристӣ яъне муосидат намудан ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст қонунгзорӣ ҷазоро пешбинӣ намудааст.

Дар асоси ин гуфтаҳо мо қотеъона арз менамоем, ки барои амалҳое, ки номбурда содир кардааст тибқи талаботи қонун бояд ҷавоб гўяд, вагарна мазмун ва моҳияти қонуну қонуният аз байн хоҳад рафт.

Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Аҳли кормандони кафедраи

 ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ

You might also like