Фаъолияти хатарноки ихвонӣ маҳкум карда шавад!

Ташкилоти “Ихвон-ул-муслимин” дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон карда шудааст, зеро мақсади он аз сарногун сохтани асосҳои коститутсионии давлат иборат мебошад. Чунин мақсад ба амнияти тамоми шаҳовандон низ хатари калонро таҳдид менамояд. Имрӯз аъзоёни ин ташкилоти экстремистӣ дар ҷумҳурӣ ва дигар давлатҳо ба таври ғайриқонунӣ фаъолият намуда барои паҳн намудани ғояҳои ихвониҳо ва пайдо намудани  ҷонибдорони худ корбаоӣ намуда истодаанд.

Яке аз чунин нафарон узви ташкилоти ихвониҳо Далер Шарипов мебошад, ки барои чунин кирдораш дастгир карда шудааст. Далер Шарипов рӯзноманигор ва ӯ касбияти худро барои паҳн намудани ғояю мақсадҳои ихвониҳо равона карда шудааст. Ӯ ҳамчун рӯзноманигор хуб медонист, ки ғояҳои ихвониҳо хусусияти ғаразноку вайронкорӣ дошта ба асосҳои давлат ва ҳуқуҳои конститутсионии шаҳрвандон хатар дорад. Аммо ӯ онро барои тарғиб кардан дар ҷомеа пайваста фаъолият менамуд. Чунин фаъолияти хатарнок албатта шоистаи ҷазои сохти маҳкумшаванда мебошад. Д.Шарипов ҳамчун рӯзноманигор дидаву дониста ба ин ташкилоти экстремитсӣ ҳамроҳ гардида барои дар ҷомеа ҷорӣ намудани ғояҳои ихвониҳо машғул гардид. Ӯ дилбохтаи мақсадҳои хатарноки “Ихвон-ул-муслимин” гардида баҳри он фаъолият намуд, ки ин ташкилот дар солҳои 20-уми қарни гузашта дар давлати Миср маҳкум карда шуда буд. Зеро ин ташкилот ба пояҳои давлатдорӣ хатарро таҳдид кард. Д.Шарипов бояд хуб медонист, ки мақсадҳои ихвониҳо ҳаёти осоиштаи ҷомеаро ноором месозад ва ҳаёти одамонро халадор менамояд. Чунин фаъолият сазовори маҳкум кардан мебошад зеро он фазои ҷомеаро носолим гардонида ташвишҳои зиёдеро барои давлат ва одамон ба миён меорад.

Имрӯз тамоми шаҳрвандони солимақли мамлакат ҳаргуна зуҳуротҳои хатарнок ва фаъолияти ба монанди Далер Шариповро маҳкум анмуда ва сиёсати бунёдеоронаю инсонпарваронаи давлатро дастгирӣ менамояд.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like