Ҳадафҳои ғаразноки “Бародарони мусалмон” ва ҳизби наҳзат

Бадбахтона дар Точикистони азизу махбуби мо низ аз солҳои 90 уми асри гузашта сар карда созмони ифротие бо номи Ҳизби нахзати ислом бо максадхои нопоку риёкорона ва чинояткорона ба сахнаи сиёсат омад. Ин созмон фазои орому осудаи Вавтанро ба хоку хун ощушта кард бо рохи низоъандози оташи чанги шахрвандиро афрухта садхо хазоронро бадбахту хонавайрон кард.

Роҳбарияти ҳизб аз нахустин рузхои фаъолияташ дар хизб ғаразхои нопок ба давлати азизу махбубамон доштааст ва мехост, ки бо чунин харакатхои номатлуби хеш чомеаи моро ноором созад. Мухиддин Кабирӣ  бо максадхои нопоки худ нарасида аз ватан фирор карда, акидахои нопоки худро пасипардаги идома дода истодааст.

Мардум дарк намуд, ки дар бисёр амалхои ходисахои соли 1992 аъзои Хизби манъшудаи нахзати исломӣ даст доранд. Ба хар гуна роху восита мехоханд, ки чавонони моро ба сафи харакатхои терористиву тундгаро, аз чумла шиагарои чалб созанд. Солхои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобали табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши чиноятхои хусусияти экстремисти ва террористи дошта ба тавсеа ётани терроризм, фаолшавии унсурхои тундраву ифротгаро, чалби чавонон ба сафи гуруххои экстремистиву террористи ва иштироки онхо дар низоъхои мусаллахонаи давлатхои хоричи мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки кирдорхои террористи бо максадхои гуногун тархрезӣ гардида, дар натичаи амалиёти манфиатталабонаи онхо хамасола хазорон шахрвандони оддӣ ба халокат мерасанд. Яке аз масъалахои ҷиддие, ки имруз чомеаи чахонро нигарон кардааст, проблемаи терроризму экстремизм аст. Ин чараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописанди касб карда, кулли мардуми сайёраро водор мекунад, ки чихати пешгирц ва кам кардани зарари он андеша намоянд.

Ба чавонон зарур аст, ки дар хама холат нагузоранд, ки дар Ватани махбуби хеш чунин равияхои бадхох ва ашхоси зархарид таъсири худро расонанд.

Таҳлилҳо собит намуд, ки дар қафои ТЭТ ҲНИ ташкилотҳои ифротӣ меистанд ва онҳо аз дастгирии моддиву молиявӣ бархурдоранд. Аз ҷумла ташкилоти ифротие, ки аз соли 2006 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълн шудааст “Ихвон-ал-муслимин” ба ҳисоб меравад. Созмони мазкур  аз ибтидои фаолияташ дар талоши хокимият бо рохи табадуллоту зуроварӣ аст. Бо ин максад рохбаронаш аз ягон роху восита истилоха намекарданд. Аз чумла бо рохи тарсафкани дар чомеа ба амалхои террористиву экстремисти даст заданд. Вокеан хам, чомеае, ки на бо иродаи халк, балки ба зури шиканча ва зарби силох бунёд карда мешавад ва дар он баробархукукии ҷинсию нажоди фароҳам намеояд, давлат номидан номумкин ва дини дар он амалкунандаро низ ислом номидан хатост. Зеро, амалхое чун куштор, таркиш, харобкорӣ ва асир гирифтан ба монанди ин ба хеч як аз суннати дину равияхои маъмулу амалкунандаи чахонӣ дуруст намеояд.

Айни ҳол аз ҷониби мақомотҳои қудратии мамлакат тарафдору пайравони ташкилотҳои ифротӣ ба мисоли наҳзату ихвониҳо мавриди боздошт қарор доранд ва ба суд равона мешаванд. Дар нишасти хабарии худ Додситони куллӣ мамлакат шумораи онҳоро ба 113 нафар ҳисобид ва дар байни онҳо мутаассифона олимону зиёиён ва журналистон низ ҳузур доранд.

Маркази матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудааст, аз қониби кормандони КДАМ мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.

Ҳамин тариқ, имруз ки аз зухуроти мушкилоти раками якуми чахон терроризм ва экстремизми байналхалкӣ тамоми сайёра дар ташвиш аст. Ҷомеаи моро зарур аст, ки барои пешгири ва мубориза алайхи он дастачамъона фаъолият барем ва барои хифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем.

Ҷӯраев  Ф. – н.и.и., дотсенти кафедраи

иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like