Омилҳои номатлуби ихвониҳо

Пас аз хондани изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.02.2020 с., гуфта шудааст, ки Шарипов Далерҷон Абдуманонович мақолаҳои дорои мазмуну мўҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовату динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як  қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар равона шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризим ва экстремизим раванди ҷонибдории усулҳои ифротие, ки аз тарафи якчанд давлатҳо дастгирӣ меёбанд ва маблағгузорӣ мешаванд дониста мешавад.

Мусаллам аст, ки гурўҳҳо ва зергурўҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз динҳои гуногун моҳирона истифода мебаранд ва инчунин бо сўистифода аз дини ислом мардуми мусулмонро роҳгум менамоянд. Дар шароити хуби имрўзаи рўзафзун афзои сиёсии ҷаҳон ба тағйиру таҳаввулоти босуръати он тарафи вусъат ёфтани низоъҳои байнимазҳаби ва арзи ҷиноятҳои муташаккилии фаромарзи зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд.

Яке аз роҳҳои ташкилоти террористи экстремистии ҳизби наҳзат он буд, ки бо сардории М. Кабирӣ фикри халқи осудазиндаро парешон менамуд. Ба хулоса омадан мумкин аст, ки Шарипов Далер ҳаммаслакони М. Кабирӣ мебошад, чунки мавсуф барои моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳоди нигарони шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.

Изҳороти Қўзибоева Б.М. – н.и.и., дотсенти

кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like