Ифротгароӣ – падидаи номатлуби замон

Хатари ифротгароӣ яке аз ҳолати номатлуби ҷомеа буда, он барои тамоми мавҷудоди зинда ва мардуми осоишта зарари зиёд меоварад. Ифротгароӣ ва экстремизм ҷаҳони имрӯзаро ба харобазорҳо мубаддал намуда, асоси ғаразҳои ислоҳнашаванда дар ҷомеа гаштааст.

Аз таҳлил ва маълумотҳо бармеояд, ки айни замон дар олам садҳо созмонҳои гуногуни террористию экстремистӣ фаъолият доранд, ки бо амалҳои даҳшатворашон ҳамагонро ба ташвиш овардаанд.

Ҷуғрофияи паҳншавии созмонҳои террористӣ бисёр васеъ аст: Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо ва ғайра. Созмонҳои террористии “Абу-Нидал”, “Абу-Сайёф” ва Аум синрике” (Ҷопон), “ХАМОС” (Фаластин), созмони баскҳои Испания бо номи “Ватан ва озодӣ”, “Ал-Қоида”, “Артиши озодихоҳи миллӣ”(Колумбия), Созмони озодбахши Томил Илама (Шри-Ланка), созмони “Бригадаҳои сурх” (Италия), “Толибон”(Афғонистон), “Боко ҳарам”, Ҷабҳат-ан-Нусран аҳли Шом”(Сурия), “Давлати исломӣ ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Лашкари Тайба”(Покистон), “Гурӯҳи салафии таблиғ ва ҷиҳод”(Алҷазоир), “Ал ихфон ал муслимин”(Миср), “Ал-Ҳарамайн” (Арабистони Саудӣ) ва ғ.

Аз дасти гурӯҳи террористии “Толибон” тамоми халқи Афғонистон дар хатар қарор доранд. Ягон модари афғон намехоҳад, ки фарзандаш дар ватан зиндагонӣ кунад, зеро рӯзе нест, ки ягон ҳолати ногувор ба аҳолии ин мамлакат таҳдид накунад. Зиёда аз 40 сол мешавад, ки аҳолии ин мамлакат дар мамлакатҳои гуногуни дунё ҳамчун фирорӣ маскун гирифта, шабу рӯз дар орзуи бехатарии макони аслиашон мебошанд.

Зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон иброз доштанд: “Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва изҳор медорем,ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд”.

Мо имрӯз табақаи интеллегенсияи ҷомеа амалҳои бадхоҳону бадандешони миллатро маҳкум намуда, аз ҳамагон даъват ба амал меорем, ки ба қадри ваҳдат, сулҳу субот ва оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол расанд, шукргузор бошанд ва дар пешрафту ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.

Зокирова Ш. – н.и.и., дотсенти кафедраи

иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like