Сабри қадам ба қадами наҳзату иғвониҳо аз сараш монад!

Омӯзиши фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ  дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва муаммои мазкур онро тақозо мекунад, ки  ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян гардад,  зеро, ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.

Тибқи  илми этимология  ибораи терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» буда он аз ҷониби ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан  амалӣ карда мешавад ва умуман  маҳфуми терроризм ва экстремизм бисёр васеъ аст ва дар рисолаҳои илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон шумораи он қариб ба 100 мерасад.

Ташкилотҳои террористӣ аз қабили «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ал-Қоида», “Ихвон-ул-муслимин” ва ғайраҳо, ки рӯйхаташон ба садҳо расидааст, созмон ёфтаанд ва ба сафҳои худ шахсонеро, ки дар ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустӯҷӯ қарор доранд ва ё, ки аз ҳисоби ҷавононе, ки назари танг ба тараққиёти ҷомеа доранд ё, ки аз дину оини аслии хеш дур гашта, ба дигар равияҳо дода шудаанд, шахсоне, ки худро сиёсатмадор нишон дода, аз сиёсати давлаташон норизо мебошанд ба воситаи ақидаҳои гуногун ҷалб менамоянд.

Ташкилоти ифротии “Ихвон-ул-муслимин” дар доираи ҳизбу ҳаракатҳои диниву-мазҳабӣ аз худ дарак дода, бо чандин созмонҳои ифротӣ ба мисоли ТЭТ ҲНИ робитаи некӣ дустона дорад. Роҳбарияти кунунии ҳизби мазкур дар ҳар давру замон аз пуштибонии худ нисбати равияи ихвониҳо расман эълн намуда буданд. Ақидаи сабри қадам ба қадами “Ихвон-ул-муслимин” маҳз дар сиёсати кунунии ҳизби наҳзат дида метавонем.

Аз ҷониби Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин тан афроди гумонбар ба ҷурми узвият ба созмони ифротии “Ихвон-ул-муслимин” дастгир ва мавриди пурсуҷӯ қарор доранд. Аз ҷумла дар доираи “парвандаи ихвониҳо” журналист Далер Шаифов ҳам дастгир ва бо ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонӣ ба ҳасби пешакӣ гирифта шуд.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии мамлакат хабар медиҳад, ки аз моҳи июни соли 2019 Шарипов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.

Роҳбарияти олии мамлакат  чандин маротиба дар баромадҳояшон аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.

Рауфова Ш.М. – ассистенти кафедраи

 иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like