Мусоҳибаи хандаоварӣ Кабирӣ

 Дар ин чанд соли охир пас ташкилоти террористӣ эълон шудани ТЭТ ҲНИ баъзе роҳбарони фироркардаи он дар хориҷи кишвар тибқи дастуру супориш ва маблағгузории ҳоҷагони хориҷии худ бо номи Паймони миллӣ созмонеро роҳандозӣ намуда, корашон андохтани санги маломат ба сари ҷумҳурии мо мебошад.

Яке аз ин ашхос Кабирӣ аст, ки ў дар сомонаҳои интернетию рўзномаҳои хориҷӣ мусоҳибаҳо доир намуда, бо ҳар баҳонае самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ ва сиё сии ҷумҳурии моро ба зери танқид мегиранд. Ҳамин тавр дар чанд рўзи охир мусоҳибаи навбатии ў бо «Паём» ба нашр расидааст, ки дар он ҳарфҳои хандаоваре ба мисли «Ман  соли 2019-ро оғози бедории миллӣ номидам» ба назар мерасанд, ки ин маънии надонистани вазъияти воқеъӣ дар ҷумҳурист.

Вай дар ин мусоҳибаи худ шиква кардааст, ки дар Тоҷикистон эшонро бо номи террорист, хоин, ва ба хоҷагони хориҷӣ фурўхташуда меноманд. Агар дар асл чунин набуд аққалан аз чаҳорчубаи қонун набаромада, кўшиши табаддулоти давлатиро наменамудед. Аз ин рў ин истилоҳоте, ки нисбати шумо истифода мегарданд, комилан дуруст мебошанд. Кабирӣ террористи асри ХХI аст.

Ҳомидова М. – сармуаллимаи кафедраи

таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

You might also like