Зери ниқоби паймон

Бояд қайд намуд, ки Паймони миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015 мамнуъ ва террористӣ эълон кард. Раҳбарияти ҳизб, ки дар хориҷа қарор дорад, онро рад мекунад. Раҳбарони се созмони дигар низ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷа ҳастанд.

Аз расонаҳо маълум аст, то кунун тақрибан бист созмону ҷунбиш, аз ҷумла “Ҳизби Таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”, “Ҷамоаи Таблиғ”, “Тоҷикистони Озод”, “Салафия”, “Гуруҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ут-нусра” ва “Ҳизби наҳзати ислом” ба ҳайси созмонҳои террористиву ифротӣ шинохта шудаанд. Даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ ва тарафдорӣ аз ин созмонҳо боздошту зиндонӣ шудаанд. Раҳбарони ташкилотҳои аз Тоҷикистон берун, дар хориҷа  буда, қайд кардаанд, ки ҳадаф аз ташкили эътилоф, сарҷамъии нирӯҳои мухолифин, риояи ҳуқуқи башар, рушди демократия ва интихоботҳои озоду шаффоф будааст.

Тоҷикистони азизи ба ҷон баробари мо  дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлатӣ ҳуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва осуда шинохта шуд.  Барои ба даст овардани чунин давлати биҳиштосо  фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта,  сулҳро сар то сари  пойдор намуд. Ҳоло осмони Тоҷикистон беғубор, мардумаш бо нанагу номус бо меҳнати ҳалоли худ зиндагӣ бурда истодааст, хоҷагии халқ рўз аз рушд карда истодааст,  аммо ҳастанд  шахсони алоҳида,  ба монанди Паймони миллии  Тоҷикистон  ва Муҳиддин Кабирӣ,  ки тинҷӣ ва осоиштагии миллатро намехоҳанд ва бар хилофи сиёсати сулҳпарвари Ҷаноби Олӣ пешпо дода, мехоҳанд дар мамлакат нооромӣ барпо кунанд,  ба мақсадҳои ғаразноки худ ноил гарданд.

ТЭТ ҲНИ бо иқдоми ташкили паймони нав ба мисли найрангҳои солҳои навадум азм дорад амалҳои тахрибкорона ва террористиву эстремистияшро зери ниқоби ин паймон амалӣ созад.

Дуруст шуд, ки аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид,

Мо – устодон, намояндагони илму фарҳанг бояд дар паҳлӯи Асосгузори сулху ваҳдат, Пешвои муаззами миллат буда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода,  сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи давлатро тарафдори намуда Тоҷикистонро бештару бештар обод намоем ва намегузорем, ки  ҳар  ташкилот ба монанди «Паймони миллии Тоҷикистон» ҳаёти осоиштаи моро вайрон намоянд.

Атоева М.М.дотсенти

кафедраи забони русии ДДҲБСТ

You might also like