Изҳороти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ нисбати фаъолияти дустонаи ТЭТ ҲН ва “Ихвон-ул-муслимин”

Созмони ифротии наҳзат дар тамоми замони мавҷудияту фаъолияти хеш чи аз назари ақидавӣ ва чи аз назари амалӣ аз усулҳои ихвонҳо ба тарзи густурда истифода менамояд. Терроризми ақидавии ТЭТ ҲН, яъне усули «қадам ба қадам», ки мутаасифона солҳои охир ором ба мағзҳои гурўҳҳои иҷтимоӣ сироят карда буд, ҳатто кўшиш намуд то андозае баъзе шоирону рўзноманигорон ва олимонро низ ба самти худ моил созаду онҳоро мадюни худ гардонад. Дар бахши амалӣ бошад, ТЭТ ҲН мисли “Ихвон-ул-муслимин” аз сиёсатҳои зўроварӣ ё тероризми амалӣ кор гирифта, сабаби фоҷеаи солҳои 90-ум – ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва инчунин ба террори густурдаи мухолифини ақидатӣ даст зада, дар моҳи сентябри соли 2015 даст ба табадулот барои ғасби ҳокимияти сиёсӣ зад.

Айни ҳол роҳбарону масъулони ташкилоти мамнуъ ва террористии ТЭТ ҲН дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дошта, фаъолияти ғаразноки худро бо дастгирии доираҳои ифротию иртиҷоии мазҳабии хориҷӣ бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Аммо ин амалҳояшон натиҷае нахоҳад дод. Зеро дигар тамоми мардуми Тоҷикистон хуб фаҳмидаанд, ки ташкилоти террористии ТЭТ ҲН бозичаи дасти бегонагон асту ғайри бадбахтӣ чизи дигаре намеорад.

Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи

 судӣ ва назорати прокурорӣ ДДҲБСТ

You might also like