Ниқоби нави наҳзат
Ифротгароӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесархади мусулмонист.
Ифротгароёни ТЭТ ҲН ба хоҷаҳои хоричии худ хизмат намуда мехоханд сулху суботи кишвари сохибистиклоли моро халалдор созанд. Ана барои хамин босавод шудани аҳли ҷомеа барои фирефта нашудан ба гуруҳҳои экстремистию ифротгароӣ хеле зарур аст.
Тавре ки маълум аст дар чанд дахсолаи охир фаъолияти аъзоёни ТЭТ ҲН густариш ёфта ин тоифаи бадкешу бадгавхар ва хоину малъун ба хотири хиёнат намудан ба Ватан ва миллати точик аз хочагони хоричиашон маблағ гирифта барои гумрохсозии миллат ба харч медиханд ва сад дар сад бовар дорам ки пас аз ошкор шудани чеҳраи вокеии ин нахзатиёни палид мардум аз онҳо руй гардонданд. Боиси зикр аст, ки имрузҳо пасмондахои ҳизби дар Точикистон мамнуи нахзати ислом, ки хориҷ аз кишвар карор доранд худ ба худ даст ба таъсис додани анҷуману паймонҳои гуногун зада мехоханд як иттиҳоди нави мухолифинро сохзмон диҳанд. Хурду бузурги Тоҷикистони азиз бахуби огахӣ дорем, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хоинону бадхохони миллати тоҷик зери никоби дини мубини ислом хазорон тан аз чавонону шахрвандони ноогох аз асли дини мубини исломро ба гирдоби чахолату ноадолатихои хеш кашида точикро бо дасти точик ба катл расониданд. Албатта аз хиёнатхову хисороти моливу чонии замони чанги шахрванди хурду бузурги кишвар бахуби огахи дорем.
Имрӯзҳо бошад бо баробари оне ки дар мамлакат ташкилоти ифротии нахзат хамчун ташкилоти экстремистӣ–террористӣ шинохта шуд ва бо карори Суди Олии Чумхурии Точикистон фаъолияти он дар мамлакат расман манъ гардид ба хотири ба даст овардани хар гуна манфиату маблағҳои зиёди пулӣ ин хоинзодагон мехоханд гурӯҳи равияҳои нав таъсис дода ба созмонҳои байнамилалӣ собит созанд, ки террорист нестанд ва хадафи хуб доранд. Ҳадафи нахзатиҳои гумроҳ, ки имруз бо шеваи демократ ва ниқоби нав таҳти унвони Паймони миллӣ фаъолият мебаранд, танҳо ва танҳо қатлу куштор ва гумрохсозии мардуми тоҷик аст.
Муҳитдинова М.А. – ассистенти
кафедраи забони англиси ДДҲБСТ