Робитаи ҳизби наҳзат бо ташкилотҳои байналхалқии экстремистӣ-террористӣ

 `Аз лаҳзае, ки Собиқ ҳизби наҳсати ислом ҳамчун ҳизби хусусияти террористиву экстремистидошта аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, фаъолияти минбаъдаи он манъ карда шуд. Дар ин бобат тавассути ҳама гуна расонаҳои хабарӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбари ҳизби қайдшуда ва ҳаммаслакону лагандбардорони ӯ таъкид менамоянд, ки ин ҳизб хусусан барои таъмини пешбурди ҳаёти осоиштаи аҳолӣ нигаронида шуда, ягон алоқае бо дигар ташкилотҳои террористиву экстремистӣ надоранд, бинобар бо ин мақсад мехостем равшанӣ андозем, ки то чӣ андоза ин фикру ақидаҳои роҳбарон ва ҳаммаслакони ҲНИТ бардурӯғона ва беасос мебошад.

Бо мақсади таҳти таҳлил қарор додани масъалаи дар боло қайдшуда, дар натиҷаи таҳлили бисёрии расонаҳои хабарӣ ва дигар сарчашмаҳои расмӣ, хусусан сайти расмии газетаи Ҷумҳурият бо дурустӣ хулоса бароварда қайд намудан ҷоиз аст, ки ҳизби дарболо қайдшуда ва аъзоёни он бо ташкилотҳои байналхақии террористиву экстремистӣ чунин робитаҳо доранд:

  1. Робита бо “Ихвон-ул-муслимин”. Робитаҳои миёни ТТЭҲНИТ ва гурӯҳи террористии байналмилалии Ихвон решаҳои амиқ доранд. Дар ёддоштҳои худ, муассисони ҲНИТ бо ифтихор ёдовар мешаванд, ки дар солҳои Шӯравӣ онҳо дар вохӯриҳои худ китобҳои пешвоҳои ихвониҳо – Саид Кудба ва Муҳаммад Кудба худро мутоила менамуданд ва онҳоро роҳнамо барои амал меҳисобиданд. Оиди ин гуфтаҳо интервюҳои нигоҳдошташудаи С.Нури, М. Ҳимматзода, А. Сатторов, З. Розик ва дигарон гувоҳӣ медиҳанд.

Алоқамандии қувваҳои Наҳзат ва ҷосусони Ихвон дар солҳои Шӯравӣ ошкор карда шуда буд. Яке аз фаъолони ҷунбиши Наҳзат, сокини деҳаи Себистони ноҳияи Данғара Мулло Аҷик (Алиев) дар ҳамкорӣ бо як донишҷӯи ихвон бо номи Зубайд Содис аз Судон хост, ки барои чопи адабиёти идеологӣ ва мазҳабӣ як матбуотро таҳвил диҳад. Пас аз муайян кардани ин нақша, тибқи ёддошти эътирозии Вазорати корҳои хориҷии СССР ба сафорати Судон, ин донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ карда ва аз Иттиҳоди Шӯравӣ хориҷ карда шуд.

Таъи як чанд солҳои ҳукмронии ихвониҳо дар Египет роҳбари ҲНИ М. КАбирӣ ба ин кишвар як чанд маротиба сафар мекунад ва дар як чанд чорабиниҳои онҳо ширкат варзида, бо роҳбари он М. Мурсӣ вохӯрӣ доир намудааст. Инчунин роҳбари ҲНИ баъди он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамчун мамлакати ихвонӣ эътироф гаштан пешниҳодҳо низ карда аст.

  1. Робитаҳо бо Алқоида. Робитаҳои Наҳзат бо созмони террористиву экстремистии Ал-Қоида хеле қавӣ буданд ва боқӣ мемонанд. Ал-Қоида яке аз сарпарастони асосии ин созмон дар ҳоле буд, ки аъзои Наҳзат дар Афғонистон буданд. Намояндагони Ал-Қоида бо идораи ҲНИ дар Пешовар, ки он ҷо М. Ҳимматзода ҷойгир буд ва баъдан бо намояндагони ҲНИ дар Қандаҳор ва Ҷалолобод робитаи доимӣ доштанд. Дар солҳои 1995-1997, пешво С. Нури борҳо бо роҳбари Алқоида мулоқот намуда, аз онҳо кумаки молӣ ва низомӣ гирифтааст.
  2. Робитаи ТТЭ ҲНИ бо ҳаракати “Толибон”. Ҳизби наҳзати ислом низ бо ҷунбиши террористии Толибон дар Афғонистон робитаи наздик дошт. Вохӯриҳои пешвоёни аввали ҲНИТ бо роҳбарони Толибон, аз ҷумла Мулло Умар, борҳо баргузор шуда буданд. Ин мулоқотҳо бештар дар идораи ҲНИ дар Пешовар баргузор мешуданд. Дар моҳи октябри соли 1996, С.Нури ҳамроҳ бо як ҳайати роҳбарияти ҲНИ, ду рӯз дар ташрифи Мулло Умар буд. Далели дигари робитаи байни ҲНИТ ва Толибон ин аст, ки пас аз забт шудани минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии Афғонистон аз ҷониби Толибон, намояндагони ҲНИТ дар Қандаҳор, Ҷалолобод, Ҳирот ва Кобул низ амал карданд.

Яъне, ҲНИТ ҳукумати Толибонро расман эътироф кард ва дар қаламрави он сафорати худро дошт. Сафири ҲНИ бо Толибон хеши наздики С.Нурӣ буд ва таҳти рамз бо номи Ҷайҳун ном бурда мешуд.

  1. Робита бо Ҳамос. Ҳамкории зичи ТТЭ ҲНИ ҳатто бо созмони террористии Ҳамос дар Фаластин ба роҳ монда шудааст. Муносибати онҳо низ аз ин пеш сар шуда буд ва М. Кабирӣ борҳо бо пешвои он замон Ҳамид Холид Машъал вохӯрдааст ва бо кӯмаки ӯ кӯшиш кард, то бо истифода аз шиносоӣ бо ҳомиёни арабӣ роҳ пайдо кунад. Робитаҳо байни ТТЭ ҲНИ ва Ҳамос имрӯзҳам идома доранд. Масалан, 4 апрели соли 2017 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Бобоҷон Қаюмзод дар Истамбул бо яке аз пешвоёни созмони террористии Ҳамос Халид Машъал вохӯрии пинҳонӣ дошт.
  2. Робитаи ТТЭ ҲНИ бо ИГИЛ. Робитаи ҲНИ бо ташкилоти террористиву экстремистии таҳти унвони “Давлати Исломӣ” таърихи дурандароз дорад, зеро наҳзатиҳо бо ин ташкилоти қайдшуда ду робитаи аз ҳам ҷудонашаванда дорад: рӯҳӣ-идеологӣ ва ҳарбӣ-сохторӣ. Агар ҳаракати ТТЭ ҲНИ-ро дар Тоҷикистон ва ҳаракати ИГИЛ-ро дар Ироқ ва Сирия таҳти муқоиса қарор диҳем, пас нуқтаҳои сершумори бо ҳам як будани афкор ва усулҳои фаъолияти ин ду ташкилотро муайян намудан мумкин аст.

Бо ба ҳисоб гирифтани таҳлилҳо ва гуфтаҳои болоӣ бо дурустӣ хулоса баровадан мумкин аст, ки ҲНИТ дар ҳақиқат худ ташкилоти террористиву экстремистӣ буда, бо дигар ташкилотҳои байналхалқии террористиву экстремистӣ робитаи зич дорад.

Қосимов З.А. ассистенти

кафедраи хадамоти гумрук

 

You might also like