Cулҳ, ваҳдат ва ягонагии миллӣ – заминаи наҷоти миллати тоҷик
Халќи тољик дорои оину суннатњои таърихї ва фарњанги хело ќадима аст ва дар тамаддуни љањонї сањми сазовор гузоштааст. Таърихи сулњи халќи тољикро дар замони хело њассоси таърихї кулли мардуми љањон беназир мењисобанд.
Аз рўзњои нахустини соњибистиќлол гардидани љумњурї гурўњњои алоњидаи сустиродаи кишвар ба мисли аъзоёни ТТЭ ЊНИ тањти таъсири андешањои тундгароёнаи доираву нерўњои бадхоњи дохиливу хориљї ќарор гирифта, љумњуриро ба гирдоби низоъњои дохилї ва баъдан ба кашмакашињои мусаллањона кашиданд.
Мардуми тољик пас аз он ки фољиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти њастии хеш рў овард, зарурати вањдати миллї ва њифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намудааст. Лекин, ањолии кишвар оќибатњои љанги шањрвандиро хело хуб дар ёд доранд, ки аз љониби доирањои муайян ва бадхоњони миллати тољик бо маќсади ба сари мардуми мо тањмил кардани мазњабу фарњанги бегона ва бунёди давлати исломї оѓоз шуда буд ва њамаи ин боиси ба њалокат расидани дањњо њазор нафар шањрвандони мамлакат гардид. Масалан, дар ин љанги шањрвандї беш аз 150 њазор кўдак ятим монданд.
Осоиши халќ, рушди давлат, тањкими пояњои истиќлолият ва вањдати миллї, обрўи байналхалќии тољикон, пеш аз њама ба таъмини волоияти ќонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад. Фаъолияти тамоми созмонњои давлатию ѓайридавлатї, њизбњои сиёсї ва созмонњои љамъиятї, муассисањои динї, умуман њар як шањрванд бояд фаќат дар чањорчўбаи Конститутсия сурат гирад.
Љонибдорони ТТЭ ЊНИ бо рањбари худ Муњиддин Кабирї, ки мехостанд давлатро соњибї намоянд ва кишварро ба майдони куштор табдил гардонида буданд, амалњои ѓайриќонунии худро дар хориља тањти дастгирии молию пулї ва маънавии хољањои хориљиаш ва дар робита бо ташкилотњои экстримистиву террористии љањон фаъолияти ѓайиќонуниашро идома дода истодааст. Яке аз ин равияњое, ки аъзоёни ТТЭ ЊНИ ба вай пайравї доранд, равияи ихвонї аст. Бояд ба ёд овард, ки пас аз ба сари ќудрат омадани яке аз рањбарони љунбиши ихвонї Муњаммад Мурсї, дар Миср аксари муќобилияти аксари табаќањои ањолї ба миён овард. Дар натиљањои табадуллоти давлатї дар Миср Муњаммад Мурсї ба њукми ќатл гирифтор гардид.
Аъзоёни ТТЭ ЊНИ ва дигар ташкилотњои экстримистиву террористии љањон аз дини ислом суйистифода карда, барои ноил гаштан ба маќсадњои нопоки худ њамаи имкониятро истифода намудааст. Дини ислом дини поку мубарро буда, мусалмонон мардуми тањаммулпазир, мењрубон ва аз љангу хушунат безоранд.
Муњимтарин омили вањдат муњаббати беандоза ба Ватан, ба забону фарњанг аст. Сулњу вањдат ба њаёти шањрвандони мамлакат аз љињати сиёсї, фарњангї ва иќтисодї таъсири амиќ гузошт. Бе сулњ мављудияти давлати миллї имконнопазир мебошад. Мањз сулњ, вањдат ва ягонагии миллї заминаи наљоти миллати тољик гардиданд.
Ба аъзоёни ТТЭ ЊНИ гуфтанием, шумо давлат, забон, фарњанг надоред!
Сармуаллими кафедраи
бањисобгирии бухгалтерї Саидљонов С.Ш.