Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол
Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.
Итминони комил дорем, ки ҷомеаи яктану муттаҳид, соҳибваҳдату тамаддунофари Тоҷикистон ҳамаи давру замон баҳри як порчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳамеша дар гирди роҳбарияти олии кишвари азизамон сарҷамъ ҳастанду нерӯи ақлию ҷисмонии худро баҳри орому осудагии Ватани зебоманзарашон сарф менамоянд. Ягон нохалафро мақсадҳои муғризаш ба ҳадаф намерасад, зеро Тоҷикистон макони ободу сулҳофар асту боқӣ мемонад!
Мо аҳли устодону омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ ба ҷавонони бо нангу номуси диёр муроҷиат карда мегуфтанием, ки онҳо шукронаи ин сарзамини биҳиштосо ва шукронаи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат намоянд. Дар хизмати модар – Ватан ҳамеша камарбанд бошанд, эҳтироми падару модар ва дар ҷодаи илм ба қуллаҳои баланд ноил шаванд.
Изҳороти Абдувоҳидов М. Р. котиб
коргузори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва
байналмилалии ДДҲБСТ