Мо терроризмро  дар  тамоми  шаклҳо  ва   зоҳироташ   маҳкум мекунем!

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини сулҳ ва амният, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тамоми чораҳои имконпазирро меандешад, аммо омилҳое чун терроризм мавҷуданд, ки метавонанд амнияти миллии кишварро халалдор кунанд.

Бояд қайд кард, ки терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояти муташаккилона мебошад. Ҳоло, ки Тоҷикистон дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муваффақ шуд ва иқтисоди бозории демократиро пеш гирифтааст, амалҳои террористӣ ба сулҳ ва суботи ҷомеа таъсири манфӣ расонида, раванди ислоҳоти кунуниро халалдор мекунанд. Тоҷикистон ҷонибдори ғояи он аст, ки мубориза бо терроризм яке аз масъалаҳои муҳимтарини имрӯзаи башарият аст.

Мо терроризмро  дар  тамоми  шаклҳо  ва  зоҳироташ   маҳкум карда ва зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ медонем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

Изҳороти Абдуллоева М. – сармуаллимаи

кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ ДДҲБСТ

You might also like