Тарғиби худшиносиву худогоҳии миллӣ дар байни ҷавонон

Худшиносӣ ин донистани мақому манзалати инсонии худ бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъбир карданд, ки – «то даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».

Бо таъбири Президенти кишвар «Бидуни пайванду ҳамгироии тамаддуни имрӯзаи тоҷикон бо таърихи кӯҳанбунёди хеш ба қадри истиқлолият, ифтихори Ватану ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии комил расидан мушкил аст. Ҳамчунин бе дарки огоҳонаи решаҳои таърихӣ, таҳкими истиқлолият пойдории давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин мушкилтар хоҳад буд».

Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ бояд ба он равона карда шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдорӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳарчи бештар ташаккул ёбанд. Такмили таълим ва омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва ғайра қабл аз ҳама аз он ҷиҳат зарур аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вусъати робитаҳои байналхалқӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар, ҳамгироӣ бо фазои ягонаи таҳсилот манфиатдор аст.

Ҷавонони кишвар аз ҳар вохӯриву мулоқотҳои бо Ҷаноби Олӣ баргузоргардида барои худ сабақи судманд гирифтаву дар роҳи ба ҳаёт татбиқ намудани он ҳамеша садоқату фидокорӣ зоҳир мекунанд, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони вилояти Суғд бо рӯшанӣ ҳис мекунем. Тайи солҳои охир дар вилояти Суғд бо ташаббуси ҷавонон чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, оммавию варзишӣ, маърифатию ахлоқӣ ва илмию маданӣ, Форуми ҷавонони вилоят доир ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон, озмунҳои вилоятии шашмақомсароёни ҷавон, шабҳои эҷодии шоирону нависандагони ҷавон, конфронси илмии ҳамасолаи олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилоят, таъсиси маҳфили мубоҳисавӣ – сиёсии ҷавонони вилоят, намоиши маҳсули рассомони ҷавони вилоят, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар вилоят «Ҳафтаи ҷавонон», «Даҳ рӯзи ҷавонон», «15-Рӯзи ҷавонӣ», “Як моҳи ҷавонӣ” таъсиси маҳфилҳои «Сарбози оянда», «Адиби ҷавон», Стипендиатҳо, Маркази пешгирии нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД, «Майл», клуби волонтёрон, тарбияи ватанпарастӣ ва ғайра амалӣ карда шуд, ки нақши онҳо дар тарбияи хештаншиносиву худогоҳии ҷавонон беназир аст.

Абдуллоева А.Т. – сармуаллимаи

 кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ ДДҲБСТ

You might also like