Сада ҷашни қадимаи мардуми ориёинажод
Бо мақсади эҳёи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба санаву ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик махсусан ҷашни Сада дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун ташкилу баргузор гардида истодаанд.
Дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ конференсияи илмию адабӣ таҳти унвони “Сада ҷашни қадимаи мардуми ориёинажод” ва дар факултети бизнес ва идоракунӣ мизи мудаввари “Сада муждарасони Наврӯз” баргузор гардиданд. Зимни баргузории чорабиниҳо устодони факултетҳои мазкур дар мавриди таърихи пайдоиши ин ҷашни қадима, аҳамияти таърихӣ, эҳёи Сада дар замони Истиқлолият маърӯзаҳо ироа намуданд.
Иброз гардид, ки ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, ҷашни миллӣ буда, ба ҳеч қавму дин иртибот надорад. Решаи ҷашнҳои мардуми ориёитабор аз ибтидо бо табиату кайҳон ва иҷтимои башарӣ иртибот доштааст. Ба ҳамин тартиб, решаи аксари ҷашнҳои ориёӣ бархоста аз кашфиётест, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Илова гардид, ки вожаи Сада ҳамон адади 100 буда, ба маънои 100 шабу рӯз то оғози Наврӯз аст, аз ин хотир Садаро муждарасони Наврӯз меноманд. Баргузории чорабиниҳо дар дигар факултетҳои донишгоҳ идома доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



