Таъмини амният вазифаи мост!
Ба ҳамагон маълум шуд, ки дар ҳамлаи шабона ба дидбонгоҳи “Ишқобод”, ки санаи 6 ноябри соли 2019 рух дод, аз тарафи ҷангҷӯёни ДИИШ ва пайравони ТЭТ ҲНИ ташкил шудааст. Субҳи рӯзи ин ҳодиса Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интишори баёнияи расмӣ эълом кардааст, ки шумораи умумии террористон, ки ҳаммаашон зодаи Тоҷикистон будаанд ба 20 нафар баробар буд.
Имрӯзҳо мо дида истодаем, ки баъзе гурӯҳҳои бадхоҳ барои ноил гардидан ба мақсадҳои нопоки худ аз дини мубини Ислом сӯистифода карда, ба дили баъзе ашхоси ноустувор ва сустирода ҷой гирифта, онҳоро гумроҳ карда истодаанд.
Мо набояд гузорем, ки чунин иғвогарон ба мақсадҳои нопоки худ расанд, ҷавононро роҳгум созанд. Мо аҳли устодони донишгоҳ бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҷавонони арҷманди диёрамон дар сафи тарафдорони сулҳу ваҳдат устувор ҷой бигиранд.
Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи амният дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад ва ин самари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти бо суботи кормандони амният аст.
Мо, аҳли зиёиёни тоҷик, барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин гуруҳҳои ифротгаро бояд сарбоз ва сипари боэътимоди давлату миллат бошем.
Изҳороти Аминов Д.Ғ. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ