Ҳарзагӯии паймоншиканон
Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ҳарзагӯиро бас накунанд ҳам ба суханони онҳо касе гӯш намекунад. Мардуми тоҷик аз азал бедор буд, на чуноне, ки Кабирӣ мегӯяд , ки соли 2019 миллати тоҷик бедор шуд.
Сафи ҳаммаслакони Кабирӣ торафт кам мегардад ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо аз кору пайкори саркардагони худ дигар умед карда наметавонанд. Паймони ба ном миллӣ дар хориҷ чӣ кор карданашро намедонад, аз ин рӯ фақат ба ҳарзагӯиву суханони бемантиқу бемаънӣ саргардон аст. Миллати тоҷик аз таърих маълум аст, ки ҳама давру замон боҷуръат, дорои донишу фарҳанги баланд, адабиёт ва таърихи бой буд ва имрӯз низ яке аз миллатҳои созанда эътироф гардидааст.
Кабирӣ беасос зикр мекунад, ки миллати мо 500- соли охир дар ҳолати саркӯбиву фирору муҳоҷират қарор дорад. Бояд зикр намуд, ки Кабирӣ аз таърих бохабар нест, зеро мардуми тоҷик, равшанфикрони тоҷик дар ин давра ба ҳайси одамони дорои донишу фарҳанги баланд баромад менамоянд ва бо ин ибтикорот дар ҷаҳон маъруф гардидаанд.
Паймони ба ном миллӣ ҳеҷгуна барнома надорад ва чӣ тавре ки Кабирӣ мехоҳад гӯяд ягон хел самти дипломативу сиёсӣ ва ҳуқуқиро надорад. Кабирӣ мехоҳад худро ҳамчун мутахассиси соҳаи сиёсати беруна нишон диҳад ва зиддиятҳоеро, ки имрӯз дар ҷаҳон рух медиҳанд баҳо диҳад. Ҷаҳониёнро зарур аст, то ки аз андешаву фикрронии ин гуна ашхос ҳушёр бошанд ба сухану гуфтаҳои онон шарик нагарданд, зеро онҳо хом пуч ва бемаънӣ мебошанд.
Мардуми тоҷик созанда буд ва созанда мемонад. Моро зарур аст, ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар муттаҳид гардем бар зидди ҳамагуна афкоре, ки барои амнияту ваҳдати миллии тоҷикон таҳдид мекунад қотеъона мубориза барем.
Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад. Дастовардҳои кишвар сол то сол зиёд ва обрӯву нуфузи ҷаҳонии кишвари мо маъруфтар мегардад. Фақат шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки бо қалби устувори ватандӯстона баҳри шукуфоии тамоми самтҳои кишвари маҳбубамон боз ҳам бештар кор кунанд.
Олимов Б.Ҳ. – н.и.т., дотсент, мудири
кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ