Агар Кабирӣ ҷуръат медошт…

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрўза дар ватани азизи мо- Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурўҳу ҳаракатҳои ифротгарое  низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд.

ТЭТ ҲНИ ба ин гуна ҳизбҳое ворид мешавад, ки фаъолияташ дар кишвар мамнўъ карда  шудааст. Ҳизби мазкур дар аввали фаъолияташ диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш ҷалб намуда, қариб буд мардуми кишварро ба гумроҳӣ бубарад.  Агар нисбати М.Кабири гуфтани шавем, мо медонем, ки у ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурушад. Чунин шахсиятҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд.

Имрузҳо мо дар сомонаҳои интернети мехонему тамошо мекунем, ки М.Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, ҳамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон баромада истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Аз ВАО бармеояд, ки М.Кабирӣ аслан оиди муҳоҷирони тоҷик суханрони намуда, мехоҳад, ки мавқеи худ ва собиқ хизбашро дар байни онҳо пурзур намояд. Ба фикри банда агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар ҳеҷ куҷо хор намешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил ҳунар кам аст».

Аз ин лиҳоз пешниход мекардам, ки бояд мо аҳли солимфикри ҷомеа бояд тамоми қуввату имкониятҳоро баҳри илмомузии насли наврас ва ҷавонон равона карда, шомилшавии онҳоро аз чунин ҳизбу равияҳои номатлуб ба мисли ТЭТ ҲНИ, пешгирӣ намоем.

Хушбахтона, имруз мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ба фиребу найранг ва иғвоҳои пасипардагии Муҳиддин Кабирӣ, бовар намекунанд. Ҳарчанд онҳо дини мубини Исломро, ки марому мақсадаш дўстиву бародарӣ, якдиливу якпорчагӣ ва дастгириву ободкорист ба худ ниқоб кардаанд, ҳадафу ниятҳои нопокашон сар то по пур аз ғараз, бадкориву вайрони мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон 19 марти соли 2018 дар вохури бо аҳли зиёи кишвар чунин таъкид намуданд: « Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурухтааанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд».

Ин таъкиди Пешвои миллат ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки дар роҳи мубориза бо чунин унсурҳои нопок, мисли ташкилоти террористии ҳизби наҳзат ва Кабирӣ муборизаи беамон барем.

Ҷабборов Ғ.Н.сармуаллими

кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ 

You might also like