Паймони хоинон
Дар ҷаҳон ташкилотҳои террористиву эктремистӣ гуногун мебошанд. Ҳамаи онҳо ниқоби гуногунро ба бар намуда, мардумро фиреб менамоянд, аз он ҷумла ТЭТ ҲНИ ташкилоти навро бо ном “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис дода, худашонро бардурӯғ ғамхори мардуми тоҷик эълон менамоянд.
Мусаллам аст, ки дар баргузории ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо ҳайати комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ҷиноятҳо ва хиёнаткориҳои ҳизби наҳзати исломро бо далелҳои раднашаванда, бо иштироки худи собиқ мухолифони пушаймоншуда, аз қабили Айёмиддин Сатторов ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расониданд. Барои пиёда сохтани амалҳои хоинона ва дар назди хоҷагони хориҷӣ худро ҳалиму фидоӣ нишон додан бубинед, ки ин хоинон ба чи корҳое қодиранд. Зери пўшиши мақоми паноҳандагӣ гирифтан дар Аврупо бо ҷалби 3-4 муҳоҷири меҳнатӣ хоинони миллат бо чӣ корҳое даст намезананд!
Машваратҳо оид ба таъсиси ПМТ моҳи сентябри соли 2015 оғоз ёфта буданд. Вале, аз сабаби шӯҳратпарастии роҳбар ва аҳамияти баланди зоҳирии он ба назари ҷонибдорони он (бо сабаби манъ кардани ҳизб), аъзои паймон танҳо моҳи сентябри соли 2018 ба мувофиқа расиданд. Ба истиснои ТЭТ ҲНИ, ҳеҷ яке аз се муассисони ПМТ дорои қудрати воқеии сиёсӣ, заминаи иҷтимоӣ ва ё обрӯ дар байни аҳолӣ намебошанд. Мусаллам аст, ки иттифоқчиён ба ҳеҷ ваҷҳ ба сиёсати анъанавии ифротгароёнаи ТЭТ ҲНИ таъсир расонида ва идеалу ҳадафҳои сиёсиву идеологии онро тағйир дода наметавонанд. Бо ин далелҳо, аъзои паймон ба ҳамаи он оқибатҳои фалокатбор, ки метавонанд аз фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва стратегияи хушунатомези ҲНИ таҳти роҳбарии М. Кабирӣ ба амал оянд, масъул мебошанд.
Ҳамин тавр, бо итминон гуфта метавонем, ки номи ПМТ (Паймони Миллии Тоҷикистон) дуздии сиёсӣ ва идеологӣ, тасарруфи моликияти зеҳнии каси дигар ва истифодаи ваколатҳои илмии Ҳафиз Бобоёров аст. Паймони дуздон ва хоинон миллат аст.
Изҳороти Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи
назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ