Андешаҳои пучи наҳзат
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки барои расидан ба ин неъмат мо аз имтиҳонҳои сахту сангин гузаштаем. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, ободию соиштагӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва абадиятро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон овард
Лекин то ба имрўз ҳастанд нафароне, ки ин пешравиҳоро дидан намехоханд. Хама ҷиҳата ҳаракат менамоянд, ки давлати орому осоиштаи мо боз ба давлати ноосоиштаву низокунанда мубаддал гардад. Чи хеле, ки бохабар хастем яке аз шахсоне, ки максади сарнагун кардани неъмати бадастовардаи моро дорад ин Муҳиддин Кабирӣ рохбари ҳизбе, ки дар асоси карор пленуми Суди Олӣ хамчун ташкилоти терррористи эътироф гашт ба ҳисоб меравад. Ӯ дар яке аз мусоҳибахои худ изхор намуд, ки бояд мардум зидди давлат бошад, норозиги худро оид ба сиёсати пешгирифтаи он баён намояд. Лекин ин шахс имруз тасаввурот дорад, ки ҳамаи мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешравии давлати худ кушиш менамоем. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки истиклолият шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад.
Чи хеле, ки хар яки мо медонем ходисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои наваддум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо ба хиоб меравад.
Кабирӣ ки дар давлати хорича пинхон шудааст мехохад мардумро ба ҷанги шаҳрвандӣ ки мардум ҳанӯз даҳшатҳои онро фаромӯш накардааст, ру ба ру намояд. Мардуми тоҷик ба ин нафари чинояткор изхор менамояд, ки мо аз шароти имрузае, ки дар каламрави давлати сохибистиклоли мо чой дорад бисёр хам хушбахт хастем, зеро Чумхурии Точикистон имруз давлати пешрафта, осоиштаву ором, ки барои хамкори бо давлатхои дигар пеш аз хама бо давлатхои хамсоя сиёсати дархои кушодаро эълон намудааст. Бояд гуфт, ки ин нафар хеч гох ба максади чинояткоронаи худ намерасад.
Зиёбоева М.Н. – сармуаллимаи кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ