Даъвои инқилобхоҳии Кабирӣ

Мутассифона,  баъди  гузаштани 28 соли истиқлолияти сиёсӣ роҳбари мухолифини ватангумкарда Муҳиддин  Кабирӣ «бедории миллӣ»-ро  кашф  кард. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба бедории миллӣ даъват мекунад. Аз худ як идеологи нав мебофад. Дар мусоҳибаи худ ба сомонаи Паём.нет қурбониёни  ҷанги  шаҳрвандиро, вайронгари   кишварро  фаромўш  намуда,  масъалаи   муҳоҷирони  меҳнатиро  ба хотир оварданд. Ин солҳои  даҳшатнокро  халқи  тоҷик  аз  сар  гузоринидааст,  яке  аз ҳиссагузори  фаъол  кӣ   бошад?  Ҷавоби   беэзоҳ   ба  ҳама  маълум. Халқи  ҷуръат  ва    ҷасорат  дошта  бо  имони комил    ҳама  душвориҳоро  мардонавор  бартараф  кард.  Имрўз  ба  “иқилобҳои  ранго ранг  мисли  тунисӣ,  гурҷӣ,  арманӣ,  ҳади  ақал   қирғизӣ”  ниёз  надоранд.

Халқи  азияткашида  арзишҳои  устувори  миллӣ  – Истиқлолият  ва  Ваҳдат  дорад, ҳамчун  гавҳари  чашм  онҳоро нигоҳ  медорад.  Дар  байни  давлатҳои  Осиёи  Марказӣ  ҳам давлати пешқадам ва ташаббускор  мебошад,  дар  масъалаҳои  глобалӣ  аз  минбари  СММ садо  дода  истодаанд.  Миллати тоҷики таърихи 5500 сола дошта, маданияти  қадим  ва  таърихи   бошўкуҳ  дорад, ки  ақидаи Шумо «500  соли  охир  дар  ҳолати  саркўбиву  фирори  муҳоҷират қарор  доранд»  аз  ҳақиқат  дур  аст. Ворид  кардани  Тоҷикистон  ба  паймони  миллӣ чӣ  маъни  дорад,  танҳо  роҳи  гумроҳӣ,  парокандагӣ, таҳдид  ба  як  порчагии Тоҷикистони азизамон  мебошад! Халқи тоҷик  ба  инқилобҳои   сурху сабзи Шумо  пешниҳод  карда  зарурат  надорад!

   Изҳороти Раҳимова  Н. – сармуаллимаи

  кафедра  фанҳои  ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like