Ноором намудани фазо мақсади душман аст!
Дар мусоҳибаи худ роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ оиди масъалаҳои зиёд фикру андеша баён карда кӯшиш намудааст, ки худро чун сиёсатмадори доною ҳамадон тасвир намояд. Ӯ қайд мекунад, ки Паймони миллӣ се ҳадафи асосӣ қабул кардааст ва дар атрофи он фаъолияти худро дар соли 2020 ташкил менамояд. Аз он ҷумла дар он ҳуқуқ ҳамчун самти фаъолият муайян карда шудааст.
Мо чунин самту чунин масъалагузиҳоро борҳо аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ шунидаем. Аммо дар амал баракаси онро дар фаъолияти ӯ ва ТЭТ ҲНИ борҳо дидаем.
Онҳо оиди риояи ҳуқуқ сухан мегӯянду дар асл амалҳои бархилофи ҳуқуро содир менамоянд. Барои мисол ташкили намоиши эътирозӣ бар зидди сиёсати Тоҷикистон дар назди иштирокчиёни саммити давлатҳои аъзочиёни САҲА дар Варшава, ташкили гузоришҳои хусусияти иғвогарона дар сайтҳои Интернет ва дигарҳо.
Мақсади чунин фаъолиятҳо ноором намудани фазои сулҳ дар Тоҷикистон ва тағйир додани муносибати давлатҳои ҷаҳони муосир нисбати ҷумҳурии азизамон мебошад.
Муҳиддин Кабирӣ бо суханҳои пардапӯши худ, ки хусусияти маккорона дорад мехоҳад диққати шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намояд. Кабирӣ ва ПМТ мехоҳанд, ки танҳо бо ҳамин роҳ аз вуҷуд доштани худ дарак дода аз сарпарастонаш маблағ гирифта ва дар хориҷа кайфу сафо намуда гарданд. Муҳиддин Кабирӣ дар мусоҳибааш қайд карда мегӯяд, ки гӯё тоҷикон дар 500 соли охир ва ҳатто дар 70 соли давраи шӯравӣ фақат дар орзу зинда мондан буданд халос. Ин албатта дар ҳақиқат рост намеояд ва он бӯҳтону ҳарзагӯии Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Агар дар 70 соли шӯравӣ тоҷикон ҳамин тавр ҳаёт мебурда бошанд, пас он иншоотҳои бузурги сохташуда аз кадом ҳисоб буданд, ки онҳоро бунёд кард дар Тоҷикистон.
Аллома Б.Ғафуров дар зарфи 30 сол оиди иншо намудани китоби “Тоҷикон” меҳнат намуда онро аз чоп бароварданд, ки то имрӯз ба он олимону сиёсатмадорон баҳои баланд дода истодаанд. Агар устод андешаи зинда мондан фикр мекарда бошанд, пас шоҳасари “Тоҷикон” чӣ тавр эҷод гардид.Ба ин савол боварӣ дорам мулло Кабирӣ ҷавоб дода наметонад ва агар ҷавоб ҳам диҳад ҷавоби муғризонааст.
Мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ аз аввал то охир ба таври пардаомезу иғвогарон баён карда шудааст. Чунин андешаю суханронӣ танҳо сазовори сарзанишу маҳкум кардан мебошад.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ