Паймону наҳзати ифротӣ
Ташкилоти Паймони миллии Тоҷикистон пас аз эълон гардидани Ҳизби наҳзат ҳамчун ташкилоти экстремистиву террористӣ дар хориҷи мамлакат созмон дода шуда ва он таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият дорад.
Умуман, вақтҳои охир созмони ПМТ аз ҳар гўшаи канори ҷаҳон тариқи расонаҳои интернетӣ баромадҳо намуда гўё барои пешбурди фаъолият ва дар оянда рушди кишвар эътирозҳояшонро баён менамоянд.
Мутаассифона эътирозҳои онҳо беасос буда ва аксарияти маврид бардурўғ мебошанд, ки мардуми миллати тоҷик инро аллакай ҳис намудаанд. Дар баробари ин низ оиди ин созмони ПМТ низ кишварҳои хориҷи низ хулосабардорӣ намуда, фаъолияти ин созмонро маҳкум намуда истодаанд.
Акнун вақте омадаст, ки дар кишварамон яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ин интихобот баргузор мегардад, ки аъзоёни созмони ПМТ бо ҳаргуна баҳонаҳо боз эътрирозҳои беасосу бардурўғро паҳн карданиянд.
Бинобар ин, мо мардуми тоҷик бояд нагузорем, ки чунин амалҳои ғайриқонунии ПМТ боз ба ҳолати пешинаи аз сари мардум гузашта такрор шаваду ва боз ба доми онҳо гирифтор шавем.
Изҳороти Орипов А.А. – н.и.и., дотсент,
декани факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ