Ғолибони озмунҳои вилоятӣ қадрдонӣ шуданд!

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дарёфт ва ҳавасмандкунии  ҷавонони фаъолу лаёқатманд ва дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  доир ба баргугории озмунҳои мухталиф дар соли 2019,  қарорҳои Раиси вилоят ба тасвиб расиданд.  Дар озмунҳои вилоятии «Донишҷўи сол-2019», «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят», «Мақолаи беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» дар қатори ҷавонон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии вилоят донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Аз ҷумла,

Ҳоҷиева Дилфуза Мирзоевна – донишҷўи курси 3-юми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷўи сол-2019” байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум гардид.

Каримова Нозила Асламовна – донишҷўи курси чоруми ихтисоси иқтисодиёт ва идораи корхонаҳои факултети бизнес ва идоракунӣ дар озмуни вилоятии “Донишҷўи сол-2019” сазовори ҷойи якум ва дар озмуни «Мақолаи беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд ҷойи дуюмро соҳиб гашт.

Машарифов Комрон Холиқбердиевич – мутахассиси Парки технологии донишгоҳ дар озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” барои ихтирои «Чатри худкор барои ҷамъоварии зардолу» ҷойи якумро ишғол намуд.

Дар озмуни «Таҳияи бизнес-нақшаҳои соҳибкорӣ» донишҷӯи  курси 4-уми ихтисоси  иқтисоди ҷаҳонӣ  Саиднисо Маҳмудова бо лоиҳаи барномаи мобилии “Turline” сазовори ҷойи аввал,  донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ Аюбхон Муҳаммадҷонов (шаҳрванди давлати Ӯзбекистон) бо лоиҳаи “Тайёр кардани шириниҳо дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории давлати Ўзбекистон” байни донишҷӯён ҷойи 3-юмро сазовор гардид.

Дирўз,  аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода донишҷўёни донишгоҳ – ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ бо Сипосномаву мукофотпулиҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

            Озмунҳои мазкур иқдоми шоистаест, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ифтихори  ватандорӣ, дар маҷмўъ тарбияи насли созанда  роҳандозӣ шуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like