Изҳороти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия нисбати амалҳои хиёнаткоронаи наҳзат

Ҳайати омӯзгорон ва устодон кафедраи мазкур афкору ақидаҳои разилонаи ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва аъзоёну роҳбарони онро шадидан маҳкум намуда, ҳамин изҳоротро ба самъи хоинони лаъини наҳзатӣ мерасонем ва онҳоро бори дигар ҳушдор менамоем, ки нақшаҳои разилонаи онҳо ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад.

Фаъолияти ТЭТ ҲНИ, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шудааст ва ҳамчун ҳизби террористиву экстремистӣ эълон гардидааст. Мо мардуми шарифи тоҷик ва тоҷикистониро зарур аст, масъулияти шаҳрвандии худро нисбати хатарҳои ба миён омадаи ҷомеае, ки бар муқобили амнияту оромии давлату миллат равона гардидааст, истифода намоем ва бетараф набошем. Вақтҳои охир дар расонаҳои хабарии кишварҳои хориҷӣ дасисаҳои навбатии ин ҳизб бо сарварии роҳбари хиёнаткори он Муҳиддин Кабирӣ, ки сулҳу субот, оромӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азизамонро дида наметавонанд, мардумро бо даъватҳои беасоси худ гумроҳ сохтани мешаванд. Лек онҳо ҳеҷгоҳ ба мақсади худ намерасанд. Амалиётҳои иғвогаронаи онҳоро мо маҳкум менамоем.

Намояндагону пайравон ва ҳамаслакони ин ҳизби ҷиноиро зарур аст, ки аз роҳу ниятҳои бади худ даст кашанд. Ҷавонону аъзоёни гумроҳи худро ба ғафлати якумра тела надиҳанд. Агар имрӯз онҳо ин масъаларо фикр накунанд вагарна дер мешавад ва таърихи миллати мо онҳоро ҳеҷгоҳ намебахшад.

Имрӯзҳо тамоми мардуми кишварамон, новобаста аз миллату халқият, ҷинсияту синну сол аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, хоссатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷам гаштаанд.Ҳеҷ як қувва наметавонад тинҷу оромӣ ва сулҳу истиқлолияти моро вайрон бисозад. Ҳеҷ як гурӯҳ ё афроде ҳуқуқ надорад, ки обрӯ ва шаъну шарафи миллати моро дар арсаи байналмилалӣ  паст занад.

Мо омӯзгорону устодон ва умуман шаҳрвандони ин давлати биҳиштосо намегузорем, ки арзишҳои милливу давлатиамон поймол гардад. То ҷон дар бадан дорем барои нигоҳ доштаи ин Ватани зебо – Тоҷикистони соҳибистқлол саю кӯшиш менамоем.

Аҳли устодони кафедраи ҷиноятӣ, криминалистика

ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like