Мусоҳибаи по дар ҳавои роҳбари ТЭТ ҲНИ

Имрўзҳо  хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сўи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мениҳад. Ободкориву созандагӣ, бунёди як қатор иншоотҳои инфрасохториву коргоҳҳои хурду бузург, таъмиру тармими роҳу пулҳо, бунёди шаҳракҳои наву боғоти гуногун шаҳодати ин гуфтаҳои болоӣ маҳсуб меёбанд. Мардуми кишвар дар зери партави сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва фазои софу беғубори Ватани азизу маҳбубамон кору фаъолият доранд.

Мутаассифона афроде ҳам ёфт мешаванд, ки ин  пешравӣ ва фазои сулҳу дўстии мардуми тоҷикро рахна карданӣ шуда, вазъи кишвари офтобрўи мо ва амнияти минтақаро халалдор карданӣ мешаванд. Аз рўи мусоҳибаи роҳбари Ташкилоти террористию экстримистии Ҳизби наҳзат бо “блогер”-и навбаромад, ки худро муқими Амрико ва фаъоли сиёсӣ меномад, муайян гашт, ки то ҳол Кабирӣ фаъолияти хоинонаи худро идома дода, вазъи воқеии Ватани азизамонро донистан намехоҳад.

Тавре ҳамаи мо огаҳӣ дорем, моҳи марти соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи навбатии аъзои Маҷлиси миллӣ, Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ  баргузор мегардад.

Тибқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад”.

Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.  Тибқи меъёрҳои Конститутсия интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони Маҷлисҳои халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 расидааст, қатъӣ назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Имрўз дар Тоҷикистони озоди мо фазои озоди сиёсӣ мавҷуд буда, ҳар як ҳизби сиёсӣ тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар метавонад дар интихобот иштирок намояд. Мақсади ҳар як ҳизби сиёсӣ ин соҳиб шудан ба ҳокимият мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд ҳизби сиёсӣ барномаи худро дошта бошад, ки дар чаҳорчўбаи қонун амал намуда, аз роҳу усулҳои ғайриқонунӣ соҳиб гаштан ба ҳокимият истифода набарад.

Ҳамаи мо огоҳӣ дорем, ки дар интихоботи қаблӣ соли 2015 бинобар фаъолияти нодуруст ва ғайриқонунӣ ба роҳ мондани роҳбарони ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ, онҳо ба мақсад нарасиданд ва аз Парлумони кишвар бадарға шуданд. Чун мардуми кишвар аллакай аз мақсаду ғаразҳои нопоки ин шахсони зери ниқоби дини мубини ислом амалкарда пурра бохабар буданд.

Акнун баъди нокомии худ роҳбари ин ҳизби мамнўъ ба хориҷи кишвар фирор намуда, ҳарчанд, ки дар Ватани мо қарор надошта бошад ҳам таъсири бади худро тариқи расонаҳо ба ҷомеаи осоиштаи мо мерасонад. Аммо як чиро хотирнишон бояд кард, ки мардум ба қадри тинҷӣ ва амонӣ расидаанд ва намехоҳанд, ки дубора дар кишварамон оташи ҷанг аланга гирад, ҳеҷ нафар нохалаф сулҳ, субот ва мамлакати гулгулшукуфони моро, ки фазои ором дорад ноором сохта наметавонад, зеро ба бахти миллати тоҷик Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхор ва пуштибони мардум ҳастанд, инчунин худи мардуми тамаддунофари тоҷик бар муқобили ҳама гуна зуҳуроти нангин, ки фазои кишварамонро ноором созад мубориза мебаранд.

Мо устодону омўзгорон эътимоди комил дорем, ки маъракаи муҳими дар пешистода, интихоботи навбатӣ дар кишвар дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор гашта, ҳамчун намояндаи худ мардуми сарбаланди Тоҷикистон шахсони барўманд ва арзандаро ба вакилӣ интихоб хоҳанд кард.

Чун имрўз иродаи мардуми кишварамон мустаҳкам буда, дорои дониши хуби ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мебошад ва ягон нохалаф наметавонад бо найрангу дасисабозии худ, ба мисли хоини миллат Кабирӣ иродаи мардумро дигар созад.

Юсупов Д.С. –  н.и.и., дотсент,мудири

 кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ

You might also like