Изҳороти кафедраи таърихи халқи тоҷик нисбати дӯстии Кабирӣ бо Ахбор.ком

Муҳиддин Кабирӣ шахсест, ки чун фоҳиша бо ҳар гуна шахсони ватанфурӯш ба монанди Мирзои Салимпулу Сайидюнус, Илҳому Алим ва Сулаймону Шарофиддин муносибати маҳрамона мекунад.

Новобаста аз он ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин гурӯҳи террористӣ чашм пӯшида онро бахшид, ин гурӯҳ бошад, боз дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ намуд. Табаддулоти  моҳи сентябрии соли 2015 низ яке аз нақшаҳои пинҳонии ин гурӯҳи ифротӣ буд.  Баъд аз ин ҳодиса роҳбари ТЭТ ҲНИ  Кабирӣ ба назди хоҷагони хориҷии худ рафта, дар онҷо низ боз даст ба хиёнати ватан мезад. Имрӯз мардуми азизи Тоҷикистон аз симои асосии ин ҳизб огоҳ гаштанд. Баъди ҳодисаи даҳшатноки қатли сайёҳони хориҷӣ, ки нақшаи тарҳрезикардаи ТЭТ ҲНИ буд, аз кирдори ношоистаи ин ҳизби ифротию террористӣ аксари кишварҳои олам низ огоҳ гаштанду айни ҳол ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористӣ мешиносанд.

Имрӯз бошад Кабирӣ аз минбари сомонаи “Ахбор.ком” маккорона дар роҳи сиёҳӣ худ истифода бурда истодааст. Салимпур ҳамчун сухангӯи Кабирӣ ва Паймони миллӣ баромад намуда, аз мавқеи онҳо ҳимоят мекунад. Зин-рӯ сомонаи мазкур сирф сомонаи ифротӣ ва минбари таблиғотии наҳзатиён мубаддал гаштааст.

Изҳороти устодони кафедраи

таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

You might also like