Моро ягон амали террористӣ…

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллии 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳ душманони миллат, ки қобилияти бардошти шодиву сурур ва хурсандии мардуми кишварро надоранд, ҷашни фархунда ва фирӯзии миллатро мехостанд ба мотам табдил диҳанд. 6 ноябр гурӯҳи бистнафараи мусаллаҳи ниқобдор ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и «Ишқобод», қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳамлаи террористона анҷом доданд. Ин қисми марзбонӣ дар марзи Тоқикистону Ӯзбекистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир буда, дар натиҷаи амалиёти террористии афроди мусаллаҳ як марзбони тоҷик ва як корманди Вазорати корҳои дохила ба ҳалокат расиданд.

Тамоми мардуми кишвар аз ин амали террористии мудҳиш ба изтироб омодаанд, зеро дар замони тинҷу ором сар задани ин гуна кирдор ягон нафари ҷомеаро бе тараф гузошта наметавонад. Пас, бояд муайян намуд, ки терроризм худ чист ва барои чӣ ин кирдор хатарнок ва изтиробовар мебошад.

Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Бо роҳи ғайриқонунӣ зўрию даҳшатафканӣ тарсондан ва пахш кардани рақибони сиёсӣ терроризм аст. Маҳз созмонҳои экстремистӣ ба вуҷуд оварандаи терроризманд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои ба даст овардани мақсадҳою ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зўроварӣ ва қатлу куштор рў овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Гурӯҳҳои террористии ал-Қоида, ДОИШ, Ҳизби Таҳрир, Бародарони Мусулмон, Ҷунбиши Толибон, Ҳаракати исломии Ўзбекистон, Равияи Салафия, Ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвону-л-муслимин, Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, Ҷамоати муҷоҳидини Осиёи Марказӣ, аш-Шабоб, Боко Ҳаром, Ансоруллоҳ номгўи нопурраи ҳаракатҳои террористӣ мебошанд.

Пас маълум гардида истодааст, ки душманони миллат – нафарони қобилияти бардошти шодиву сурур ва хурсандии мардуми кишварро надоранд, маҳз бо роҳи ин кирдори худ хостанд моро, мардуми осоишта ва сулҳҷўву озодӣ парастро тарсонида ба ҳолати гумроҳӣ фароранд.

Анқом ёфтани чунин амали террористӣ қабл аз таҷлили ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе ташкилотҳои террористӣ, аз қабили ташкилоти террористии ДИИШ, ТЭТ ҲНИ мухолифи тамоми намуди ҷашнҳое мебошанд, ки ғайри исломӣ ҳастанд. Масалан, ҳаракати Толибон дар Афғонистон зидди арзишҳо ва ёдгориҳои таърихиву маданӣ ва фарҳангӣ муборизаи шадид бурда, аксари ёдгориҳо ва муҷассамаҳои таърихиро, ки ғайриисломӣ буданд, ба боди фано доданд. Ташкилотҳои террористие, ки мехостанд дар Тоҷикистон террор намуда, дар байни ҷомеа тарсу ҳарос эҷод намоянд, ҳадаф ва вазифаи мушаххаси онҳо низ ҷилавгирӣ ё монеи таҷлили Ҷашни давлатии мо шудан буд ва бо ин роҳ мехостанд, ки таҷлили ҷашни миллиро ба мотам табдил диҳанд.

Хушбахтона, бо далериву ҷасурӣ ва кордонии мақомоти дахлдор террористон ба анҷом додани амалиёти ҷинояткоронаи худ муваффақ нашуданд ва як қисмашон ба ҳалокат расида, қисми дигарашон боздошт гардиданд. Миллати тоҷик, ки чандин аср интизори чунин рӯзи фархунда ва фараҳбахш буд, ба ҳеҷ ҳол намегузорад, ки хоинон ва душманони миллат ин шодиву фараҳи деринтизорро ба як мижжа задан барбод диҳанд ва бо амалиёти террористонаи худ садди роҳи таҷлили ҷашн ва шодиву хурсандии онҳо гарданд. Ин буд, ки кормандони мақомоти қудратии давлатӣ масъулият ва вазифаи худро бо сарбаландӣ иҷро намуда, садди роҳи душманони миллат ва террористон гардиданд.

Имрўзҳо мардуми бо нангу номуси кишвар ба рафтори ноҷавонмардонаи хоиноти миллат наҳзатиёни хоин  баҳои дуруст дода, бояд дар атрофи давлату ҳукумати кишвар муттаҳид шуда, ба ҳамаи бадхоҳон нишон диҳанд, ки моро ягон амали террористӣ, ягон иғвову тарс аз роҳи ободкориву созандаи берун наменамояд.

Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like