Ҳамлаи номуваффақи наҳзатиён
Баъди ҳодисаҳое, ки санаи 6 ноябри соли 2019 гурўҳи бистнафараи ҳамлаи ниқобдорони нобакорони террорист ба марзи Тоҷикистон ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин амали террористон ғайриисломӣ мебошад. Чунки ҳаракат ва мақсади ин террористон бар зидди арзишҳо ва ёдгориҳои таърихиву маданӣ ва фарҳангӣ равона шудааст.
Дар асл ватанфурўшиву хиёнаткорӣ ва амалҳои пасипардагии ин гурўҳи экстремистиву террористӣ боз ҳам ба мардум равшантар гардид ва бори дигар исбот намуд. Мақсади бадхоҳиву сангпартоиҳои ин гурўҳи нотавонбин тайи солҳо ва рўзҳои охир, бешубҳа, аён гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо ба даст овардани ҳокимият аст, на чизи дигар.
Ин бадхоҳони миллат бояд бидонанд, ки хоки муқаддаси тоҷику тоҷикистонӣ на ҳар фардеро мепазирад ва на ҳар касеро ба оғўш мегирад. Аммо ба ҳар сурат, Пешвои миллат гуноҳи ҳазорҳо ҷинояткорону маҳбусони кишварро бахшиданд, ки аз бузургӣ ва хислатҳои неки инсонии Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Ин дарси бузург ба шумоён – бадхоҳони миллат хоҳад буд.
Хоинони давлату миллат бояд бидонанд, ки Президенти Тоҷикистон на ба назди хоинони Ватан ва гуфтушуниди онҳо, балки ба сўи ояндаи неки Тоҷикистон ва рушди босуботи он қадами устувор мегузаранд. Ҳар иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллатро мо – мардуми шарифи Тоҷикистон пайгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоем.
Хулоса, эътимоди мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, комил аст, ки тамоми қувваи тавоноии Пешвои миллат муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манфиати давлату миллат сарф хоҳад гардид. Ҳамагуна нақшаву нияти гуруҳҳои ифротгароиро маҳкум намуда, онҳоро аз байн мебарем.
Қўзибоева Б.М. – н.и.т., дотсенти кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ