Нест бод афкори бади наҳзат

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар ҳар Паёми худ Президенти мамлакат  ҳар як самти зиндагии ҷамъиятро таҳлил намуда, бурду бохти онро зикр карда, барои пешрафти ин ё он самт роҳу равиши аҳли меҳнатро муайян менамоянд, ки онро халқи тоҷик бо мамнунӣ қабул намуда, барои солҳои минбаъда нақшаҳои худро тартиб медиҳад ва аз рӯи он корбарӣ менамояд. Ин як анъанаи хубе аст, ки роҳу равиши халқро фурӯзон мекунад ва барои ҳар як фарди ҷомеае, ки барои беҳбудии зиндагии хеш, обод намудани хонаву дар, шаҳру деҳа ва дар маҷмӯъ ободии Ватан мекӯшад раҳнамо аст.

Боиси хурсандист, ки Пешвои миллат тасмим гирифтаанд, ки аз фонди Президентии худ то 30-солагии Истиқлолияти мамлакат  ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ асари бузурги олими тоҷик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро тақдим менамоянд. Агар ба таърих назар афканем дар ҳама давраҳо чи қадар душвориҳо, ҷангу ҷидолҳо, забт карданҳоро халқи тоҷик аз сар гузаронидааст. Ва хушбахтона аз қаъри асрҳо халқи тоҷик тавонистааст нангу номуси худро нигоҳ дорад, як порча Ватани худро обод намояд ва ҳамчун халқи қадимтарину тамаддунофар худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Лекин афсӯс дар байни мардум шахсоне ҳастанд ба мисли Кабирӣ, ки аз дур истода фақат сиёҳкориву иғвоандозӣ менамоянд. Мардуми тоҷик сулҳе, ки бо хуни фарзандонаш ба даст омад фаромӯш намекунад. Сулҳи деринтизор, истиқлолият, ваҳдат ба даст овардаашро ҳифз менамояд ва ба суханҳои ҷангҷӯёнаву фиребу найрангдор шефта намешавад. Охир худ қазоват намоед, шахсоне ҳастанд, ки як оилае, ки аз чор панҷ нафар ё коргоҳе, ки якчанд нафар доранд идора ва сарҷамъ  карда натавониста, ба ҷудоиҳову душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Лекин як давлате, ки қариб 10 миллионро ташкил медиҳад дар замони пуртазод идора кардану пеш бурдан осон аст? Албатта на!

Мо омӯзгорон ҳама вақт суханҳои Пешвои худро сармашқи корамон дониста барои тарбияи намудани донишҷӯён  ҳамчун шахсони баору номус, худшиносу ватандӯст саҳми худро хоҳем гузошт. Нест бод афкори бади наҳзат.

Юсупова М.И. – ассистенти

кафедраи забони русии ДДХБСТ

You might also like