Оромиву осудагии кишвар неъмати беназир

Ҳама сола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд ва он санади муҳим, муайянкунанда ва батанзимдарорандаи дурнамои рушди устувору бомароми сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат буда, муаррификунандаи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақшаи илман асоснокшудаи тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақсаду мароми давлату ҳукумат, инчунин, роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ  дар соли 2020 ва солҳои минбаъда маҳсуб меёбад. Паём дар маҷмӯъ фишурдаи амиқи  андешаҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат оид ба ояндаи халқу миллати тоҷик ва кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад.

Тавре дар Паёми навбатӣ, ки санаи 26-уми декабр  таъкид шуд, Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи навбатии рушду тараққиёти хеш барои татбиқи низомҳои ҷаҳонии иқтисодӣ иқдом менамояд, ки яке аз онҳо гузаштан ба низоми иқтисодиёти рақамӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат таҳкими заминаҳои технологии  гузариш ба ин низомро ба таври махсус таъкид дошта, Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки “бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад”.

Лекин аз чӣ сабаб бошад бадхоҳони давлату миллати тоҷик ба ҳамаи амалҳои давлати мо бо ғаш ва кина нигоҳ намуда, бо ҳар баҳона меҳоҳанд номи давлату ҳукумати Тоҷикистонро сиёҳ намоянд. Масалан, дар ҳошияи табрикоти пур аз дуруғ ва фиребу найранги худ Кабирӣ изҳор намудааст, ки “Солҳои 2010-2015 панҷсолаи поксозии саҳнаи кишвар аз ҳама инсонҳо ва неруҳое буд, ки ба ин нақшаи ӯ мухолиф буданд ва ё метавонистанд мухолиф бошанд. Бархеро нобуд, бархеро зиндонӣ ва бархеро муҳоҷир гардонд. Панҷсолаи 2015-2019 марҳалаи ҷамъ кардани тамоми қудрати сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии кившар дар дасти худ ва тақсими он байни хонаводааш буд. Дар ин миён қонунҳое қабул гашт, ки бояд ин тақсимоти дохилихонаводагиро либоси ҳуқуқӣ пушонад ва дар кившар як гуруҳи хурди болотар аз миллат, давлат ва қонун шакл бигирад”.

Мавқегирӣ ва фикрронии Кабирӣ дар бобати нуқтаҳои алоҳидаи Паёми навбатии Президенти кишвар беасос ва бардурўғ мебошад, зеро таҳлили саривақтӣ ва воқеии Пешвои миллат роҷеъ ба омилҳои расидан ба ҳадафҳои рушди иқтисодиёти миллӣ ва афзудани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки барномаҳои марбут ба татбиқи истиқлолияти энергетикӣ, аз ҷумла комилан аз миён рафтани маҳдудият дар истифодаи неруи барқ, бунёди иншооти муҳими аср – НБО “Роғун”, омили муҳими ин дастоварди бузурги таърихӣ гардида, боварӣ ва эътимоди ниҳодҳои байналмилалӣ ба иқтидорҳои истеҳсолии кишвар бештар мегардад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегатҳои аввал ва дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” тавассути иқтидори иқтисодии худи Тоҷикистон буд, ки имрӯз таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин иншооти аср ва тавассути он барои саҳмгузорӣ дар идомаи корҳои сохтмонии он афзуда, шарикони стратегии рушд ва дигар муассисаҳои молиявӣ аз омодагии хеш барои бунёди ин ишоооти муҳими минтақавӣ паём мерасонанд. Сарвари давлат таъкид доштанд: «Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад”. Бешак, ин барномаи бузурги ҳадафмандонаи Пешвои миллат дар арсаи таъмини комили истиқлолияти энергетикӣ марҳила ба марҳила нуфуз ва эътибори Тоҷикистони азизи моро боло мебарад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тамоми мардуми кишвар дида истодааст, ки то кадом дараҷа имрўз Сарвари давлат дар самти амалӣ гардидани бандҳои алоҳидаи Паёмҳои пешина кўшиш намуда, аз тамоми сохторҳо, мақомот ва идораҳои марбута инро низ талаб менамоянд.

Аз ин рў ишора намудани ҳастам, ки дахолат кардан ба корҳои Тоҷикистон ва баҳову нуктагирии беасос ба кор сиёсати давлати мо, дар беруни кишвар  қарор гирифта, ин кори бениҳояд паст ва хиёнаткорона мебошад.

Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

 ҳукуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like