Ҳидоят намудани ҷавонон ба худшиносиву худогоҳӣ
Имрӯзҳо дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди инкишофи ҷаҳонбинии солими афроди миллат ва ҳидоят намудани ҷавонон ба худшиносиву худогоҳӣ бо вусъати тоза ба роҳ монда шудааст. Дар ин росто ба масъалаи баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва иттилоотии ҷавонон чун яке аз самтҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бо ҳадафҳои созанда қадамҳои устувор гузоранд.
Имрӯз ҷавонони мо дар тамоми самтҳои ҳаёти созанда фаъолият мекунанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки қишри ояндадору созандаи кишвар маҳсуб меёбанд.
Айни ҳол ҷавонони мо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ дар дохили кишвар ва хориҷи мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Онҳо аз нуқтаи назари ҳуқуқиву сиёсӣ дорои маърифати баланд ҳастанд, гарчанде намояндагони ТЭТ ҲНИ дар баромаду мақолаҳои муғризонаи худ мегӯянд, ки гӯё аксарияти ҷавонони муҳоҷири тоҷик саводи кофӣ надоранд ва аз шинохти равандҳои муосири сиёсӣ, ки бар мабнои манофеи сиёсӣ ва иқтисодии баъзе доираҳои манфиатхоҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён мегиранд бархӯрдор нестанд. Кабирӣ ба дастовардҳои созандаи кишвар рашк дорад. Кабирӣ ва фирориёни наҳзати андешаҳои хом ва пуч доранд. Аллакай ба тамоми ҷаҳон маълум гардидааст, ки онҳо ифроти ҳастанд.
Давлатҳои шомили СҲШ, ИДМ ва СААД ва дигар созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ Ҳизби наҳзати исломиро террористӣ ва экстремистӣ (ТТЭ ҲНИ) эътироф карданд. Маълумот дар бораи аъзои ТЭТ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва дигарҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ мебошад, шомил карда шудааст. Аз ин хотир сухан ва андешаҳои ин гуна тоифаро касе гӯш намекунад, балки нисбати онҳо бештар нафрат пайдо мекунад.
Олимов Б.Ҳ – н.и.т., дотсент, мудири
кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ