Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади сарнавиштсоз дар рушди давлатдории миллӣ, таҳкими қонуният ва маърифати ҳуқуқӣ

Маърифати ҳуқуқӣ пеш аз ҳама ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хуб донанд, қонунро эҳтиром намоянд ва дар ҷомеа фаъолона иштирок кунанд. Ҷомеае, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии он баланд аст, дар он ҷинояткорӣ коҳиш ёфта, адолат ва қонуният таъмин мегардад.

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлат ба шумор меравад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар худ на танҳо ҷамъбасти марҳилаи муайяни рушди кишварро инъикос менамояд, балки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, дурнамои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиро муайян мекунад.

Паём ҳамчун барномаи мукаммали рушди ҷомеа, роҳнамои амал барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар хизмат менамояд.

Дар Паёми навбатӣ тамоми самтҳои калидии ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд. Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонии босуръат, таҳкими инфрасохтори истеҳсолӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва рақобатпазирии иқтисод таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки гузариш ба иқтисоди рақобатпазир бе истифодаи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳаҳои иқтисод, такмили идоракунии давлатӣ ва истифодаи захираҳои инсонӣ ғайриимкон мебошад. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, коҳиш додани камбизоатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегии давлат муайян шудаанд.

Дар Паём саноатикунонӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои калидии сиёсати иқтисодӣ арзёбӣ гардида, рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва афзоиши маҳсулоти содиротӣ аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст.

Ҳамзамон, рушди соҳибкории хурду миёна, фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ, дастгирии ташаббусҳои хусусӣ ва содагардонии расмиёти маъмурӣ ҳамчун омили рушди иқтисоди миллӣ таъкид гардид.

Яке аз меҳварҳои муҳими Паёми Пешвои миллат рушди илм ва маориф ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки илм ва маориф неруи пешбарандаи ҷомеаи муосир буда, бе онҳо расидан ба рушди устувор ва ташаккули иқтисоди донишбунёд ғайриимкон аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати технологияҳо танҳо он кишварҳо метавонанд мавқеи рақобатпазир дошта бошанд, ки ба рушди сармояи инсонӣ, сатҳи баланди дониш ва маърифат аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Дар Паём масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои маориф махсус зикр гардид. Таъкид шуд, ки барномаҳои таълимӣ бояд ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ карда шуда, донишҷӯён ва хонандагон на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалӣ ва тафаккури эҷодиро аз худ намоянд. Инчунин, рушди таҳқиқоти илмӣ, таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои илм ба иқтисодиёт ҳамчун омили муҳими пешрафти кишвар арзёбӣ гардид.

Сарвари давлат ба масъалаи омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҷалби ҷавонон ба илм, навоварӣ ва технологияҳои муосир, дастгирии ташаббусҳои илмӣ-таҳқиқотии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти эҷодӣ аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ва илм муайян карда шуданд. Амалисозии ин ҳадафҳо метавонад заминаи боэътимод барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат фароҳам оварад.

Сиёсати иҷтимоӣ дар Паёми Пешвои миллат мавқеи хоса дорад. Таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардидаанд.

Дар Паёми Пешвои миллат масъалаи таҳкими қонуният ва волоияти қонун ҳамчун пояи асосии давлатдории миллӣ таъкид шудааст. Бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар заминаи қонунгузории мукаммал ва татбиқи самараноки он имконпазир мебошад.

Дар ин росто, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ҳамчун вазифаҳои афзалиятнок муайян шудаанд.

Таҷрибаи солҳои истиқлол нишон медиҳад, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили низоми қонунгузорӣ нақши муассир доранд. Қабули қонунҳои нав, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳз дар заминаи дастуру супоришҳои Паём сурат мегиранд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди технология ва мураккабшавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аҳамияти хосса касб менамояд.

Ташаббуси эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027» иқдоми муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

Ин ташаббус барои таҳияи барномаҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкории давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ҳуқуқ ва тақвияти фарҳанги ҳуқуқӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» заминаи мусоид барои таҳияи барномаҳо ва стратегияҳои байналмилалӣ оид ба баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, тақвияти ҳамкории давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсонро фароҳам меорад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои глобализатсия, пешрафти технология ва афзоиши муносибатҳои иҷтимоӣ босуръат рушд меёбанд, масъалаи маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили калидии ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд аҳамияти хосса касб менамояд. Аз ин ҷост, ки ташаббуси эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027» иқдоми саривақтӣ ва дорои аҳамияти бузурги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Маърифати ҳуқуқӣ пеш аз ҳама ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хуб донанд, қонунро эҳтиром намоянд ва дар ҷомеа фаъолона иштирок кунанд. Ҷомеае, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии он баланд аст, дар он ҷинояткорӣ коҳиш ёфта, адолат ва қонуният таъмин мегардад.

Эълон гардидани соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба таҳкими ҳамкориҳо байни кишварҳои дӯст мусоидат намояд. Табодули таҷриба, баргузории ҳамоишҳо, омӯзишҳои муштарак ва татбиқи барномаҳои байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ба рушди низоми ҳуқуқии давлатҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Яке аз ҳадафҳои асосии ин ташаббус — пешгирии ҷинояткорӣ мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари қонуншиканиҳо аз надонистан ё нодуруст дарк намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ сар мезананд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, наврасон ва қишрҳои осебпазири ҷомеа метавонад ба коҳиши ҷинояткорӣ ва таҳкими амнияти ҷамъиятӣ мусоидат намояд.

Дар Паёми Пешвои миллат масъалаи амният ва суботи ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Таҳкими қонуният, мубориза бо коррупсия, пешгирии терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар таҳдидҳои муосир ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат муайян шудаанд.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳо арзёбӣ гардида, ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.

Ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳамзамон бо ин, боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллии аҳолӣ бар пояи таърихи бостонӣ ва фарҳанги пурғановати миллӣ маҳсуб меёбад.

Соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли басо муҳим ва таърихӣ мебошад, зеро дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ба ибораи дигар, Тоҷикистони куҳанбунёд, вале тозаистиқлоли мо ба марҳалаи нави рушди худ ворид мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи таърихӣ сарҷамъона фаъолият намуда, корҳои бузурги ободониву созандагиро ба анҷом расонида истодаанд.

Инчунин, мо бояд дар заминаи шинохти амиқтари таъриху фарҳанги бостонии худ ва пайравӣ аз анъанаҳои неки ниёгони давлатсозу тамаддунофари хеш ба истиқболи ин ҷашни муқаддас корҳои ободониву созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ, ки худшиносиву худогоҳии миллиро тақвият мебахшанд, доир намоем.

Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, тақвияти ҳисси худогоҳиву худшиносии ҳар як сокини кишвар вазифаи муҳимми рӯз ба ҳисоб рафта, татбиқи корҳои амалии назаррасро тақозо менамояд.

Ҳадафи ниҳоии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, инчунин, ошноии бештар пайдо кардан бо таърихи пурғановати миллӣ, фарҳанги бостонии оламшумул ва худшиносу худогоҳ будан маҳсуб меёбад.

Илова бар ин, дар Паём ба масъалаи тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуда, таъкид карда шуд, ки эҳтиром ба таърихи пурифтихор, ҳифзи забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва пос доштани рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, нақши муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба арзишҳои Истиқлолият ниҳоят муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Пешвои миллат бозгӯкунандаи равшани сиёсати хирадмандона, дурандешона ва ояндасозонаи давлат маҳсуб ёфта, дар он самтҳои калидии рушди ҷомеа ба таври возеҳ ва ҳадафманд муайян гардидаанд. Дар маркази таваҷҷуҳи ин санади муҳими сиёсӣ масъалаҳои таъмини рушди иқтисодии устувор, таҳкими қонуният ва волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва тақвияти ваҳдати миллӣ қарор доранд, ки ҳамагӣ ҳамчун пояҳои асосии давлатдории миллӣ эътироф шудаанд.

Паёми Пешвои миллат на танҳо ҷамъбасти дастовардҳои марҳилаи гузашта, балки барномаи стратегии амал барои марҳилаҳои минбаъдаи рушди кишвар мебошад. Он ҳамчун санади роҳнамо барои омӯзгорон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва умуман тамоми табақаҳои ҷомеа хизмат карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва иҷтимоиро муайян месозад. Махсусан, нақши Паём дар ташаккули тафаккури шаҳрвандӣ, боло бурдани шуури ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ дар миёни насли ҷавон хеле бузург буда, он ҷавононро ба масъулиятшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори давлат ҳидоят менамояд.

СИНО ҒАФУРӢ

You might also like